Баъди хатми зинаи аввали таҳсил (курси 1 ва 2) донишҷӯёни факултети муҳандисӣ -техникии ДМТБ-ДТТ таҳти роҳбарии намояндагони раёсати донишгоҳ барои идомаи таҳсил дар Донишгоҳи милли техникии Беларус ба шаҳри Минск фиристода шуданд. Дар фурудгоҳи шаҳри Минск донишҷӯёнро намояндагони ДМТБ қабул намуда, дар хобгоҳои донишгоҳ бо ҷойи зист таъмин намуданд.
Рӯзи 30 август маҷлис барои донишҷӯёни тоҷик бо иштироки кормандони Раёсати робитаҳои байналмилаии ДМТБ ва намояндагони ДТТ баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои вобаста ба будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, инчунин шароити таҳсил дар факултетҳои ДМТБ муҳокима гардиданд.
Рӯзи 31 августи соли 2018 вохурии донишҷӯёни тоҷик бо раёсати ДМТБ ва намояндагони раёсати ДТТ баргузор гардид. Дар вохурӣ ректори ДМТБ Сергей Васлевич Харитончик, муовини аввали ректори ДМТБ Вершина Г.А., сардори Идораи робитаҳои байналхалқии ДМТБ Ширвел П.И., муовини ректори ДТТ Абдуллоев М.А., мудири шуъбаи робитаҳои байнлахалқии ДТТ Саъдуллозода Ш., инчунин деканҳои факултетҳои ДМТБ ва муттасаддиёни кор бо донишҷӯёни хориҷии ДМТБ ширкат варзиданд. Қайд гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи ду давлат ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус, муҳтарам Лукашенко Александр Григорьевич тайи солҳои охир хеле рушд ёфтаанд. Мисоли равшани ин ҳамкорӣ ташкили Факултети муҳандисӣ — техникии Донишгоҳи миллии техникии Белорус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ( ФМТ ДМТБ — ДТТ) мебошад.
ФМТ ДМТБ — ДТТ дар асоси супоришҳои Президентҳои Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шӯрои олимони ДМТБ ва ДТТ ба номи ак. М.С. Осимӣ (ҳамчун муассисон) дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Созишнома дар бораи таъсиси факултети муҳандисӣ — техникии Донишгоҳи миллии — техникии Белорус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, аз 28.10.с.2011», «Созишнома оид ба ҳамкориҳои байни ДМТБ — ДТТ аз 28.10.с.2011» ва Қарордоди байни ДМТБ — ДТТ ба номи ак. М.С. Осимӣ аз 02.03 с.2012» таъсис дода шудааст.
Дар рафти вохурӣ донишҷӯёни тоҷик ба саволҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.