Субҳи имрӯз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар фазои идона фаъолият дошт. Дар чаҳор толори бузурги донишгоҳ – толори маҷлисгоҳи асосӣ, толори хониши китобхона ва ду толори лексияҳои умумии донишгоҳ донишҷӯён ва алалхусус донишҷӯёни курси якум дар мониторҳои калон Дарси Сулҳ – маърӯзаи илмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд. Инчунин дар ду монитори дигар ин намоиши мустақим дар беруни бинои донишгоҳ дастраси дигарон гардонида шуд.

Пас аз ба итмом расидани суханронии Роҳбари давлат дар ҳавлии бинои таълимии №2 чорабинии зебои оғози соли таҳсили нав баргузор шуд. Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз пазируфт.

Ректори донишгоҳ – профессор Одиназода Ҳайдар Одина бо сухани табрикотӣ баромад намуда, тамоми донишҷӯён ва инчунин донишҷӯёни курси якуме, ки ба тозагӣ номи донишҷӯйиро соҳиб шудаанд, бо ин рӯзи нек ва хотирмон муборакбод намуд. Дар баромади ректори донишгоҳ иқтибосҳои зиёде аз суханронии Президенти кишвар, алломаҳою гузаштагони накӯноми миллат ва дигар арбобони илму фарҳанги ҷаҳонӣ, ки моҳияти тарбиявӣ доранд, оварда шуданд.

Баъдан сухан ба меҳмони олиқадр – муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода шуд, ки баромади пурмуҳтавои ин шахсияти арзанда асосан дар бораи нақши хатмкардагони донишгоҳ, муҳандисон ва кадрҳои соҳибтаҷрибаи техникӣ дар пешрафти хорҷагии халқ ва боиси ибрат гардидани онҳо барои насли имрӯза, даъват намудани донишҷӯён ба ин шоҳроҳи касбу ҳунар буд.

Инчунин собиқадори меҳнат Аслонов М.А., донишҷӯйи курси 1-уми факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” Икромова З. ва донишҷӯйи курси 4-уми факултети “Сохтмон ва меъморӣ” Муминов А. – гирандаи Стипендияи Президентӣ бо сухани табрикӣ баромад намуданд.

Дар охир се рамзи донишҷӯӣ – калиди дониш, дафтарчаи донишҷӯӣ ва билети донишҷӯӣ аз номи донишҷӯёни курси 4-ум ба донишҷӯёни курси якум супорида шуд.

Маркази иттилоот ва нашр, Хадамоти ташкилию тарбиявӣ.