Баъди хатми зинаи аввали таҳсил (курси 1) донишҷӯёни факултети муштараки авиатсияи шаҳрвандии АДАБ-ДТТ таҳти роҳбарии намояндагони раёсати донишгоҳ барои идомаи таҳсил дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус ба шаҳри Минск фиристода шуданд.
Факултети авиатсияи шаҳрвандии Академияи давлатии авиатсияи Белорус-Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (минбаъд ФАШ АДАБ-ДТТ) соли 2016 таъсис ёфтааст. Факултет дар асоси созишномаи таъсиси факултети АШ АДАБ-ДТТ ва қарордоди пешниҳоди хизматрасонии таълимӣ дар факултети мазкур аз 10 августи соли 2016 ташкил гардид.
Мақсади таъсиси факултети АШ АДАБ-ДТТ ин қонеъ намудани эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диг. ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо мутахассисони баландихтисоси соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ мебошад.
Нақшаҳои таълимии факултет дар АДАБ таҳия ва дар ДТТ мувофиқа шудааст. Таълим дар факултет бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Дар факултет ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ аҳмияти махсус дода шуда ба ин мақсад синфхонаҳои лингафонӣ муҷаҳҳаз гардида мутахассисони варзида ҷалб шудаанд.
Дар факултет омодакунии мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
- 1-370401 Истифодабарии техникии муҳарикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ;
- 1-370402-01 Истифодабарии техникии таҷҳизоти авиатсионӣ
(таҷҳизоти барқӣ-равшандиҳӣ); - 1-370402-02 Истифодабарии техникии таҷҳизоти авиатсионӣ
(таҷҳизоти радиоэлектронӣ); - 1-440105-01 Ташкили ҳаракат ва таъмини парвозҳо дар нақлиёти ҳавоӣ (Ташкили ҳаракати ҳавоӣ).
Марҳалаи аввали таҳсил (курси 1) дар ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ва марҳалаи дуюм (курсҳои 2…5) дар АДАБ, (ш. Минск) бо ҳимояи диплом ва додани дараҷаи касбӣ амалӣ мешавад.
Айни замон дар академия дар курси сеюм 25 курсант аз Тоҷикистон таҳсил карда истодаанд, ки соли гузашта баъди хатми курси якуми факултети муштарак барои идомаи таҳсил ба Академия омада буданд.
Имсол 14 нафар баъди хатми курси якум дар ДТТ барои идомаи таҳсил ба АДАБ омданд. Дар фурудгоҳи шаҳри Минск донишҷӯёнро намояндагони академия қабул намуда, дар хобгоҳи академия бо ҷойи зист таъмин намуданд.
Рӯзи 31 август дар академия линейка бахшида ба рӯзи Дониш баргузор гардид.
Рӯзи 3 сентябри соли 2018 вохурии курсантҳои тоҷик бо раёсати АДАБ ва намояндагони раёсати ДТТ баргузор гардид. Қайд гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи ду давлат ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус, муҳтарам Лукашенко Александр Григорьевич тайи солҳои охир хеле рушд ёфтаанд. Мисоли равшани ин ҳамкорӣ ташкили факултетҳои муштарак дар самти техника ва технология мебошад.