Сатҳи баҳр

Баландии кӯҳҳо, шаҳрҳо ва пастиҳои рӯйи Заминро аз сатҳи баҳр ҳисоб мекунанд. Масалан, шаҳри Душанбе, ки дар арзи 38 градуси нимкурраи шимолӣ воқеъ аст, аз сатҳи баҳр дар баландии тахминан 800 м ҷой гирифтааст. Дар рӯйи Замин баҳру океанҳо зиёданд. Савол меояд, ки барои муайян намудани пасту баландиҳои Замин сатҳи кадом баҳрро дар назар доранд?

Соли 1875 намояндагони 17 давлати дунё дар Париж ҷамъ омада, оид ба баъзе стандартҳои байнидавлатӣ: дарозӣ, вазн, қувва, ҳисоби вақт, арзи географӣ ва ғайра қарори ягона қабул намуданд. Вале то ба ҳол оид ба муайян намудани сатҳи баҳр нуқтаи назари ягона мавҷуд нест, ки нест. Дар ҳар давлат сатҳи баҳр ҳарҳела ҳисоб карда мешавад, ки яке аз дигаре фарқ мекунад.

Масалан, дар Русия ва баъзе давлатҳои собиқ Шӯравӣ ба сифати сатҳи баҳр сатҳи миёнаи халиҷӣ Фин дар баҳри Балтика қабул карда шудааст. Дар Олмон ба сифати сатҳи баҳр – сатҳи баҳри Шимолӣ (Северное море); дар Британияи Кабир сатҳи порти Нюлин (шаҳри Корнуолл); дар Ирландия сатҳи баҳри Белфаст; дар ИМА ва Канада сатҳи халиҷи Лаврентияи Муқаддас; дар Чин сатҳи миёнаи баҳри Зард (Жёлтое море) ва ғайра қабул карда шудаанд. Маълум аст, ки худи сатҳи баҳру океанҳо дар навбати худ бо ҳар гуна сабабҳо – бо таъсири қуваи кашиши Моҳтоб (прилив, отлив), шамолҳо, фарқияти ҳарорат ва намакнокии об, ки ба зачии об таъсир мерасонад ва ғайра пасту баланд мешавад. Аз ин рӯ, сатҳи миёнаи баҳрро дар 19 сол чен намуда, қимати миёнаи онро ба сифати аввали системаи сарҳисоб (сатҳи сифр) қабул менамоянд. Сабаби дигари тағйирёбии сатҳи баҳрҳо таъсири қувваи Кориолис мебошад, ки дар натиҷаи даврзании шабонарӯзии Замин пайдо мешавад. Масалан, бо таъсири қувваи Кориолис дарёҳои дар нимкурраи шимолӣ ҷорӣ шуда, соҳили рости дарёро бисёртар шуста мебарад, дар нимкурраи шимолии Замин бошад, бо ин сабаб сатҳи шарқии баҳрҳо нисбат ба сатҳи ғарбии баҳрҳо баланд мебошад.

Бо сабаби дар ҳар давлат ҳархела ҳисоб намудани сатҳи баҳр баъзан ба хатогиҳо роҳ дода мешавад. Масалан, ҳангоми сохтани пули дароз аз болои дарёи Рейн байни сарҳади Олмон ва сарҳади Швейтсария, ки аз ду тараф сохта омаданд ва ҳангоми пайваст намудани ин ду қисм – қисми олмонӣ аз қисми швейтсариҳо 54 см баландӣ кард!

Ба ҳамин монанд оид ба ҳисоб намудани баландии кӯҳҳо низ нуқтаи назари ягона то ба ҳол нест. Масалан, мувофиқи харитакашони Британия баландтарин кӯҳи ҷаҳон Эверест (Ҷомолунгма) аз сатҳи океани Ҳинд дар баландии 8848 м воқеъ аст. Дар Чин ва Непал, ки ин кӯҳ дар сарҳади ин ду давлат воқеъ аст, бо ин ҳисоб розӣ нестанд. Мувофиқи ҳисоби мутахассисони амрикоӣ баландии ин кӯҳ бе пӯшидани қабати барф ба 8850 м баробар аст.

Маълум аст, ки тавассути спутникҳо баландию пастиҳои Заминро ниҳоят ҳассос (бо хатогии чанд мм) чен мекунанд, вале ин ҳисобкунӣ аз маркази Замин чен карда мешавад. Аз ин рӯ, пешниҳодоте ҳастанд, ки пастию баландиҳои рӯйи Заминро аз маркази Замин ҳисоб намоем, вале барои ин розигии давлатҳои ҷаҳон лозим аст, чунки харитаҳоро аз нав сохтан кори басо мушкил ва харҷнок мебошад.

 Газ аз ҳаво

Маълум аст, ки гази карбон (СО2) ҳангоми сӯхтани ҳар гуна сӯзишворӣ, ба монанди ангиштсанг, маводи нафтӣ, ҳезум, торф ва ғайра пайдо шуда, ба атмосфера партофта мешавад ва ба гармшавии иқлими Замин сабаб мешавад. Масалан, ба ҳисоби миёна дар як сол ба ҳар як нафари амрикоӣ дар натиҷаи гарм намудани хонаҳо, ҳаракати нақлиёт, кор кардани заводу фабрикаҳо ва ғайра 16 тонна гази карбон, ки ба ҳаво партофта мешавад, рост меояд. Ин нишондод барои ҳар як нафари аврупоӣ 7 тонна мувофиқ будааст. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи фаъолияти инсон соле ба ҳаво 35 миллиард тонна гази карбон партофта мешавад! Бо мақсади кам партофтани гази қарбон ба атмосфераи Замин дар бисёр давлатҳои ҷаҳон автомобилҳоро ба электромобилҳо иваз намуда, истифодаи нафту ангиштро маҳдуд карда истодаанд. Бо ин мақсад дар ҷумҳурии мо овардани автомобилҳои солашон куҳна манъ шуд. Хуб мешуд, ки истифодаи ангиштсангро низ маҳдуд намоем, ки ин нисбат ба истифодаи автомобилҳо маротибаҳо зараровар аст. Мувофиқи пешгӯии олимон агар давлатҳои ҷаҳон яктан шуда, пеши роҳи инро гирифта натавонанд, пас аз 30 сол тобистон дар Арктика ягон порчаи яхро ёфтан дар гумон аст ва бисёр давлатҳои дар сарҳади баҳру океанҳо буда таги об мемонанд! Хулоса, дар ҳаво гази карбон хело зиёд аст ва савол пеш меояд, ки роҳи дигари ҳаворо аз ин газ тоза намудан оё мавҷуд нест?

Бо ин мақсад дар шаҳри Сюрих (Швейтсария) заводи озмоишие сохтанд, ки гази карбонро аз ҳаво ҷудо мекунад. Тартиби кори ин завод аз он иборат аст, ки ҳаворо бо шамолкунакҳои бузург аз филтр гузаронида, бо технологияи махсус гази карбонро ҷудо мекунанд. Ин газро барои гармкунии гармхонаҳо ва бо дигар мақсадҳо истифода бурдан мумкин. Бо ин усул ҳосил намудани 900 тонна гази карбон дар як сол ба нақша гирифта шудааст.

 Қади баланд

Антропологҳои чех дар натиҷаи тадқиқоти зиёд ба хулосае омадаанд, ки аз ҳама қадбаландтарин одамон дар Европа мардумони таҳҷоии Ҳоландия, Черногория, Дания ва Сербия мебошанд – ба ҳисоби миёна қади онҳо ба 180 см баробар будаст. Ман тобистони гузашта 20 рӯз дар Белград (Сербия) дар хонаи духтарам будам. Дар ҳақиқат он ҷо зану мард, пиру ҷавон қоматбаланд ва қомати рост доранд. Одами қадпаст, фарбеҳу шикамғафс кам ба назар мерасанд, онҳо ҳам бошанд, мардуми таҳҷоӣ нестанд. Тадқиқотчиён сабаби инро дар он мебинанд, ки хӯроки авлодони қадими онҳо аз ҳар гуна сафедаҳо бой будааст – эҳтимол онҳо гӯшти мамонтҳо ва ҳайвонҳои бузургро, ки он замон дар он ҷо бисёр буданд, истифода намуда бошанд?

Гуфта. Дирӯз дар интернет хондам, ки зиёда аз 20 фоиз кӯдакони то панҷсола дар ҷумҳуриамон қадашон аз меъёр паст аст, сабаби инро дар коҳиш ёфтани хӯроки кӯдакон арзёбӣ мекунанд, ки ин навишта ба ҳақиқат наздик аст. Мардуми мо дар ҳақиқат қоматпаст мебошанд, одамони қадбаланд кам ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, хулоса баровардан мумкин аст, ки хӯроки асосии авлодони гузаштаи мо низ мисли ин замон аз чою чаппотӣ ва қурутоб иборат будааст, ки сафеда надорад.

 Кам бошаду хуб бошад

Нақл мекунанд, ки физики машҳури ҷаҳон Эрнест Резерфорд (12 шогирдаш дорандаи Ҷоизаи Нобелӣ шудаанд!) бегоҳии рӯз ба лаборатория медарояд, ки як шогирдаш машғули кор аст. Ӯ мепурсад, ки барои чӣ то бевақтӣ кор мекунӣ? Шогирдаш дар ҷавоб гуфт:

-Ман аз рӯйи одат ҳар рӯз аз пагоҳи барвақт то бегоҳӣ кор мекунам, реҷаи кории ман ҳамин тавр аст. Физики машҳур гуфт:

-Ин тавр кор кунӣ, ту кай барои фикр кардан вақт меёбӣ?!

Гумон накунед, ки олимони машҳур аз пагоҳ то бегоҳ машғули кори илмӣ ҳастанд, на! Онҳо рӯзи кории худро ба соатҳо чунон тақсим намудаанд, ки натиҷаи корашон пурмаҳсул шавад. Масалан, мувофиқи нуқтаи назари математики машҳури Англия Ҷон Литтлвуд математик дар як рӯз набояд аз 4 ё 5 соат зиёд ва ин ҳам бошад, бо танаффус кор кунад, дигар вақт бояд фикр кунад. Дигар математики машҳури нимаи аввали асри ХХ Годфри Харди низ дар як рӯз аз 4,5 соат зиёд кор намекардааст. Ҳамин тавр, бисёр олимони машҳури ҷаҳон, ба монанди Анри Пуанкаре, Чарлз Дикенс, Чарлз Дарвин, Резерфорд, Лев Ландау, Пётр Капитса ва дигарон аз пагоҳӣ то бегоҳӣ дар як ҷой нишаста кор намекарданд, рӯзона каме истироҳат намуда, ба ягон намуди дигари кор машғул шуда, боз ба кори илмӣ бармегаштанд, яъне барои фикр кардан вақти муносиб ҷудо менамуданд.

Ду психологи амрикоӣ реҷаи кории олимони Институти технологии Иллинойс (ИМА)-ро таҳлил намуда, хати каҷ (график продуктивности)-и маҳсули вобастагии соати кории онҳоро бо натиҷаи корашон – навиштани мақолаҳои илмӣ дар як ҳафта сохтанд. Маълум шуд, ки нишондоди хат зиёд мешавад, агар соати кории олимон дар як ҳафта аз 20 соат зиёд набошад ва минбаъд хат ба хамидан майл мекунад. Олимоне, ки дар як ҳафта 25 соат кор кардаанд, натиҷаи корашон бо маҳсули кори 5 соата ҳамарзиш аст. Кормандоне, ки дар ҷойи кор 35 соат дар як ҳафта нишастаанд, маҳсули корашон аз маҳсули кормандони дар як ҳафта 20 соат кор кардагӣ ду маротиба кам аст.Маҳсули кори  нафароне, ки 50 – 60 соат дар як ҳафта кор кардаанд, аз ҳама пасттар будааст.

Гуфта. Нафарони ба кори эҷодӣ машғулбуда бояд худро озод ҳис намоянд – вақте ки хост гашту гузор намояд, фикр кунад ва вақте ки илҳомаш ояд, ба кори эҷодӣ машғул шавад. Онҳоро дар як ҷо “баста” мондан кори хато аст. Кас чунон кор кунад, ки аз ин кори рӯзаш розӣ бошад, дилгир ва мондашудагиро ҳис накунад ва интизори рӯзҳои истироҳат ва ё рӯзҳои ид набошад. Мутаассифона, соати кории устодон ва донишҷӯёнамон аз меъёр зиёд аст. Бо ин реҷаи корӣ пурмаҳсул кор кардан ғайриимкон аст. Донишҷӯён низ баъди 6-7 соати дарсхонӣ дар як рӯз монда шуда, ба худомӯзӣ машғул намешаванд ва ё ба машварати устодон намеоянд ва ғайра. Масали халқӣ – “Кам бошаду хуб бошад”-ро фаромӯш набояд кард!

Нозирҷон Туйчиев