Истиқлолият ҳамчун падидаи таърихӣ барои миллати тоҷик ҳамчун рамзи эҳёи давлати миллӣ ва адолати таърихӣ муқаддас аст.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ва бошукуҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О., меҳмонони гиромӣ – Дилрабо Мансурӣ – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилошӯб Розиқов – муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ суханронӣ намуданд.

Дар охир барои меҳнати софдилона ва пурсамар ба Ҳикматов Ҷ.Ҳ., Бобиев Р.С., Ҳамроев Ф.М., Маҳмадов Ш.Р., Зайниддинов Т.Н., Давлатшоев Р.А., Лолаев З. – Нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба як қатор устодони донишгоҳ ифтихорномаву раҳматномаҳо сазовор гардонида шуд.

Боиси таваҷҷуҳ аст, ки ин гуна чорабиниҳо бо заҳмат ва кӯшиши бевоситаи Хадамоти ташкилию тарбиявии донишгоҳ дар сатҳи зарурӣ доир карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва нашр.