Санаи 4-уми июли соли 2018 дар заминаи факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ кафедраи «Ҳимояи релеӣ ва автоматика» таъсис ёфт. Кафедра дар натиҷаи меҳнати пурсамари таълимӣ-методӣ ва дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорони фанни ҳимояи релеӣ ва автоматика, ки дар ҳайати кафедраҳои «Электротаъминкунӣ» ва «Нерӯгоҳҳои барқӣ» фаъолият доштанд, таъсис дода шуд.

Боис ба ёдоварист, ки ҳанӯз соли 2003 бинобар зиёд гардидани истифодаи дастгоҳҳои автоматикунонидашудаи рақамӣ дар истеҳсолот талабот ба мутахассисони соҳаи ҳимояи релеӣ низ дар бозори меҳнат зиёд гардид. Аз ин лиҳоз, раёсати донишгоҳ, ки аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии базавии омодакунии мутахассисони муҳандисӣ ба ҳисоб меравад, бо мақсади таъмини кадрҳои баландихтисосу болаёқат ба истеҳсолот дар заминаи кафедраи «Электротаъминкунӣ» ихтисоси нави «1-530104-03 – Автоматикунонӣ ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ»-ро таъсис дод.

Нахустин хатмкунандагони ихтисоси номбурда соли 2008 соҳиби маълумоти олӣ гардиданд ва аз рӯзҳои аввали фаъолият дар истеҳсолот худро ҳамчун мутахассисони боистеъдод нишон дода, дар озмунҳои дохилӣ ва хориҷ аз кишвар ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Ҳамчунин хамткардагони ихтисоси зикршуда дар истеҳсолот барои баланд бардоштани нишондоди муҳими иқтисодӣ бо ҷоизаҳои давлатӣ низ қадрдонӣ гардиданд. То ин ҷониб ихтисоси «1-530104-03 – Автоматикунонӣ ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ»-ро зиёда аз 300 нафар хатм намуда, донишҳои азбарнамудаи худро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурии азизамон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла вазифаҳои роҳбарикунанда татбиқ менамоянд.

Айни замон дар кафедраи «Ҳимояи релеӣ ва автоматика» зиёда аз 130 нафар донишҷӯён дар зинаи бакалавриат ва 30 нафар дар зинаи магистратура таҳсил доранд.

Кафедра ҳамзамон барои донишҷӯёни дигар ихтисосҳои факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, аз қабили 1-430101 – Нерӯгоҳҳои барқӣ, 1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ, 1-430103 – Таъмини барқ (аз рӯйи соҳаҳо), 1-430105-05 – Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия курсҳои пурраи фанҳои «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи дастгоҳҳои электроэнергетикӣ», «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи шабакаҳои электроэнергетикӣ», «Электроникаи энерегетикӣ» ва «Автоматикаи дастгоҳҳои энергетикӣ»-ро таълим медиҳад.

Дар кафедра аксаран мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб карда шудаанд, ки хатмкардагони донишгоҳ буда, таҳкурсии илмиву амалӣ, инчунин таҷрибаи кофии онҳо барои ташкил ва гузаронидани дарсҳо мусоидат менамояд.

Дар кафедра 9 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд. Аз ин шумора чор нафар кормандони штатӣ дорои дараҷаи илмии номзади илм буда, қисми дигар аз истеҳсолот ба кор ҷалб шудаанд.

Ҳайати омӯзгорону кормандони кафедраи «Ҳимояи релеӣ ва автоматика» аз Абдуллозода Рамазон Толибҷон – н.и.т., и.в. мудири кафедра, Гиёев Борбад Мирзиёевич – н.и.т., ассистент, Давлатов Музафар Раҳмонович – муаллими калон, Ғаюров Баҳодур Атоевич – муаллими калон, Каримов Ҷамшед Ҳалимович – муаллими калон, Қосимов Улуғбек Умриевич – н.и.т., и.в. дотсент, Палвонов Ғуломалӣ Ҷӯрахонович – муаллими калон, Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло – н.и.т., ассистент, Сидиқов Ҳомид Заробекович – муаллими калон, Нуралиев Солеҳҷон – муҳандиси кафедра иборат аст.

Кафедра дорои озмоишгоҳҳои «Ҳимояи релеӣ ва автоматика», «Воситаҳои макропротсессори ҳимояи релеӣ ва автоматика» ва «Электроникаи энергетикӣ» мебошад, ки бо дастгоҳҳои микропротсессории замонавии ширкатҳои машҳури SIEMENS, AREVA, MiCOM, БРЕСЛЕР ва БМРЗ таҷҳизонида шудааст. Инчунин дарсҳои озмоишӣ бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба таври виртуалӣ тавассути сохтани модели компютерӣ дар барномаҳои компютерии Electronic Workbench, Proteus VSM ва ғайра иҷро карда мешаванд.

Кафедра бо як зумра муассисаҳои таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва истеҳсолии кишвар ва хориҷ аз он, ба монанди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-техникии Москва, Донишгоҳи Электроэнергетикии Хитои шимолӣ, ҶДММ «Ноқили Талко», ҶСК «Шабакаҳои барқии ш. Душанбе» ҳамкории зичи илмиву тадқиқотӣ дошта, натиҷаҳои ба даст омада пайваста дар маҷаллаҳои илмӣ, ба монанди «Паёми политехникӣ»-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, «Вестник ЮУрГУ» ва «Электробезопасность»-и Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ ва ғайра нашр мегарданд.

То ин замон аз тарафи омӯзгорони кафедраи «Ҳимояи релеӣ ва автоматика» 5 шаҳодатномаи ихтироот, зиёда аз 8 адад корҳои методӣ ва маҷмуан беш аз 50 шумора мақолаву фишӯрдаҳои илмӣ таҳия карда шудааст.

Ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедраи “Ҳимояи релеӣ ва автоматика”