Дар таърихи инсоният мисолҳо дар бораи хизматҳои шоистаи фарзандони ин ё он миллат барои Ватани худ бисёранд. Аён аст, ки чунин шахсиятҳо бо тобоварӣ, обрӯю нуфуз ва хислатҳои мардонаи худ мардумро аз пайи худ бурда, сабабгори инкишофи давлатдорӣ, фарҳангу маданияти миллӣ мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҳамин гуна шахсиятҳои бузургу беназири сиёсие мебошанд, ки бо хизмати шоиста дар роҳи давлатсозӣ, густариши фарҳангу тамаддуни халқамон хизматҳои арзанда карда, маҳбуби мардуми диёр ва пешвои асили миллат гардидаанд.
Дар солҳои душвори 90-уми асри гузашта, вақте ки кишвару халқи тоҷик дучори имтиҳони бениҳоят вазнини таърих гашта буд, Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсе буданд, ки камари ҳимматро баҳри ҳалли мусбии тақдири сарзамини паҳну парешонгашта баста, ҳаёташонро баҳри хизмат ба халқу Ватан бахшида буданд. Шукр мегӯем, ки дар давраи ҳассосу тақдирсоз барои ояндаи миллату давлат чунин сиёсатмадори қавиирода, ватандӯсти бебоку ҷасур ва қаҳрамон ба арсаи сиёсат омада, бо боварии қавӣ ба ояндаи неки кишвар тақдири минбаъдаи ватанро ба ӯҳда гирифта, бо тамоми ҳастӣ ин мамлакати зархезу халқи кӯҳанбунёдро сарҷамъу муттаҳид карданд, аз фаношавӣ эмин доштаву тавассути заҳматҳо ба сарзамини бобоиямон донаҳои умед ба сулҳу инкишофи минбаъда кошта шуд.
“Ман ба Шумо сулҳ меорам!” — ваъда карда буданд дар рӯзи аввали сарвари давлат интихоб шуданашон. Аз ин рӯ, аз рӯзи аввали зимоми давлатдориро ба ӯҳда гирифтан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастиашонро баҳри хизмат ба халқу Ватан, хушбахтии мардум ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ, ба сатҳи ҷаҳони баланд бардоштани обрӯю нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшиданд. Маҳз тавассути кӯшишу заҳматҳои ӯ бародарони дар паси сангарҳои муқобил парешон ба ҳам омада, соли 1997 шартномаи сулҳро ба имзо расониданд, дар муддати кӯтоҳ гурезагон ба Ватан баргардонида шуданд, тамоми рукнҳои давлатдории тоҷикон аз нав барқарор шуда, барои инкишофи минбаъдаи кишвар шароитҳои муносиб фаро оварда шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи СММ гашта, бо зиёда аз сад давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард ва аъзои чандин созмону ташкилоти бонуфузи минтақаву ҷаҳон гардид.
Дар таърихи халқҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шояд ягона раҳбару сиёсатмадоре бошанд, ки барои хизмат ба халқу Ватан бо шири модар қасам хӯрда, дар тӯли 26 соли гузашта ба аҳди дода вафо карда меоянд.
Натиҷаи заҳматҳои Пешвои миллат аст, ки бо роҳбарии ӯ тамоми мушкилию норасогиҳо бартараф гашта, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони азиз обод гашта, имрӯз симои кишвар ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт ва бемайлон рушд дорад, зиндагию некӯаҳволии мардум сол ба сол баланд мегардад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон шуҳратёр гашта, кишваре, созмону ташкилоте нест, ки онро нашиносад. Тӯли ҳазор соли таърихи тоҷикон чунин дастовардҳои азиму назаррас дар бобати шаҳрсозӣ, нақбу пулу роҳсозӣ, варзишу фарҳанг, дигар соҳаҳои давлатдорӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ надида буд. Аз ин рӯ, мо аз дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, ба ояндаи неки кишвари офтобиямон бо орзую умеди тоза менигарем. Барои мо роҳи тайнамудаи ин марди наҷиб, хизматҳои созандаву арзандаи ӯ бобати сохти давлатӣ, шукуфоии Ватан, амнияту хушбахтии миллат намунаи олии ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо аминем, ки ному пайкор, натиҷаи хизматҳои созандаи сарвари маҳбубамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори давлатамон, меъмори сулҳу ваҳдат ва бахтовари миллат, ҳамчун ватандори асил ва марди нодири таърихӣ дар таърихи халқи тоҷик абадӣ сабт мегардад.
Ҷӯраева Ҷ. – муаллими калони кафедраи
“Менеҷменти истеҳсолӣ”-и
ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ