Имрӯз таҳти раисии Раиси Шӯрои методии донишгоҳ, муовини ректор оид ба таълим – Саидзода Р.Ҳ. дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи якуми Шӯрои методӣ дар соли таҳсили 2018-2019 баргузор шуд. Ҷаласа мувофиқи рӯзнома масъалаҳоро доир ба тасдиқи ҳайати Шӯрои методии донишгоҳ, муҳокима ва тасдиқ намудани нақшаҳои кории Шӯрои методии факултетҳо, муҳокима ва тасдиқ намудани нақшаи Шӯрои методии донишгоҳ ва нақшаи кории комиссияҳои Шӯрои методӣ ва масъалаҳои гуногун баррасӣ карда, қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Боиси қайд аст, ки ҷаласаи шӯрои мазкур мунтазам баргузор шуда, дар доираи ваколатҳои худ масъалаҳои таълимию методӣ ва ғайраҳоро баррасӣ мекунад, қарорҳои зарурӣ бароварда, барои таъминоти тамоми фаъолияти донишгоҳ нақши худро мегузорад.

Дар охири ҷаласа дар масъалаҳои гуногуни рӯзнома инчунин якчанд дастурҳои методӣ тасдиқ ва ба чоп тавсия гардиданд, ки яке аз паҳлӯҳои асосии Шӯрои методии донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Маркази иттилоот ва нашр.