Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, деканати факултети «Сохтмон ва меъморӣ», кафедраи “Газу гармитаъминкунӣ, вентилятсия ва энергияи гармо”, фарзандону дӯстон бо андуҳи зиёд хабар медиҳанд, ки 4-уми октябри соли 2018 дар синни 71 солагӣ Сулаймонов Абдусаттор Абдулҳаевич аз олам гузашт.
Олиму мутахассиси боистеъдод дар соҳаи физикаи гармии сохтмон, таъмини газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон Сулаймонов Абдусаттор Абдулҳаевич 26-уми майи соли 1947 ба дунё омадааст.
Пас аз хатми мактаби миёна бо медали тилло Сулаймонов А.А. ба донишкадаи муҳандисию сохтмонии шаҳри Маскав аз рӯйи ихтисоси таъмини газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ дохил шудааст.
Баъд аз хатми донишкадаи муҳандисию сохтмонии шаҳри Маскав Сулаймонов А.А. фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1969 ҳамчун ассистенти кафедраи “Обтаъминкунӣ ва обпартоӣ”-и Донишкадаи политехникии Тоҷикистон оғоз кардааст.
Ӯ соли 1977 дар мавзӯи “Тадқиқоти системаи ҳавотозакунии сунъии таҷҳизоти барориши шиша” рисолаи номзадӣ ва соли 2007 дар мавзӯи “Деги чархзананда барои сӯзонидани партовҳои алюминий” рисолаи доктории худро ҳимоя намудааст.
Сулаймонов А.А. дар давраи фаъолияти худ дар ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ассистент, муаллими калон, дотсент, декани факултет ва мудири кафедраи “Таъмини газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ” кор кардааст.
Баъд аз ҳимояи рисолаи докторӣ Сулаймонов А.А.-ро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ш. Душанбе ба вазифаи муовини якуми раиси ш. Душанбе ба кор даъват намуданд. Дар давоми 4 сол ӯ ин вазифаро аз сидқи дил иҷро намуда, то қадри имкон тавонист ҳолати системаҳои муҳандисии шаҳрро беҳтар намояд.
Тамоми фаъолияти илмию педагогии худро Сулаймонов А.А. барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ, иҷрои корҳои илмӣ доир ба мавзӯи “Истифодаи самараноки энергия ва муҳофизати муҳити атроф” бахшидааст.
Шогирдони зиёди он кас дар муассисаҳою корхонаҳои гармитаъминкунӣ, газтаъминкунӣ ва дигар системаҳои муҳандисии ҷумҳурӣ ва берун аз он самаранок меҳнат намуда, барои ободонӣ, шукуфоӣ ва пешравии давлат хизмат менамоянд.
Дар давоми фаъолияти хеш зиёда аз 100 асарҳои илмию методӣ ба табъ расонидааст, ки зиёда аз 10-тои он ихтироот мебошад.
Сулаймонов А.А. дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ иштироки фаъолона дошта, аъзои Шӯрои илмии факултети “Сохтмон ва меъморӣ” ва аъзои Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ буданд.
Сулаймонов А.А. дар байни коллективи профессорону муаллимон ва донишҷӯён иззату эҳтироми хоса доштанд. Ӯро ҳамчун шахси хоксору хушахлоқ, ростқавл, поквиҷдону боирода, меҳнатдӯсту донишманд ва омӯзгори ғамхору бомаҳорат мешиносанд.
Меҳнати бисёрсола ва пурсамари Сулаймонов А.А. бо мукофоти гуногун қадршиносӣ гардидааст.
Маҳз бо кӯшиши зиёд дар ҷодаи ташаккули низоми таълимию илмӣ ва тарбиявӣ инсон метавонад зиндагии худро лабрези нуру зиё ва маърифату маънавиёт гардонад, ки боиси ифтихор ва эҳтироми ҳамагон шавад.
Хокистари сари ту сад баргу шарар арзад,
Як барги хазони ту сад боғу баҳор арзад.
Аз дидаи мо рафтӣ, дар хоки сияҳ хуфтӣ,
Он қуббаи хоки ту сад бурҷу манор арзад.
Хотираи неки устод ҳамеша бо мо хоҳад монд!
Раёсати донишгоҳ.