Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-016-и назди ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи рисолаи илмии ОЕВ САИДМУМИН АБДУЛҲАҚОВИЧ дар мавзӯи “Асфалтобетони сангрезаву мастикии дорои иловагии стабилизатсионӣ дар асоси селлюлозаи микрокристаллӣ” ва УМАРОВ САИДҶАМОЛ САИДМУХТОРОВИЧ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои физикавӣ-химиявии таъсири иловагии омехта ба куҳнашавии мум дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.23.05 – Маснуот ва масолеҳи сохтмонӣ баргузор гардид.
Раёсати донишгоҳ, коллективи устодони факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”, кафедраи “Сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”, дӯстону пайвандон олимони ҷавонро бо фатҳи қуллаи мақсуди илмӣ таҳният мегӯянд.
Раёсати донишгоҳ дар тарбия ва омода намудани кадрҳои илмӣ, дастгирии олимони ҷавон ва фаъолияти илмии устодон ҳамаҷониба талош меварзад.
Маркази иттилоот ва нашр.