Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Ашӯров А.Н. – муовини ректор оид ба тарбия дар ибтидои маҷлис меҳмононро ба ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни дар толор буда, муаррифӣ намуда, оид ба ҳамкориҳои зичи Раёсати донишгоҳ бо мақомоти давлатӣ ва хусусан бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Раҷабов Суҳроб – полковники амният, муовини сардори раёсати мубориза бо терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромад қайд намуданд, ки амнияти ҳар як шахс аз худи шаҳрванд вобастагӣ дорад. Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки шаҳрвандони давлатҳои дуру наздик барои ҳифзи амнияти худ дар ҳолатҳои хатарнок ба мақомоти қудратӣ барои бартараф намудани мушкилиҳои пешомада чораҷӯӣ менамоянд. Кумитаи мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатҳои дигар ҳамкорӣ намуда, барои пешгирӣ ва баргардонидани шаҳрвандон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва баргардонидани онҳо ба ватан корҳои зиёде ба анҷом расонидааст. Дар асоси тафтишот нафароне, ки ба ин гурӯҳҳо шомил шуданд ва ё пайгирӣ намуданд, аз тарафи мақомоти судӣ ҳукм бароварда мешавад. Боиси таассуф аст, ки ду нафар донишҷӯ низ дар қатори онҳо мебошанд, ки яке аз онҳо донишҷӯи Донишгоҳи техникӣ аст.

Масъала ва муборизаҳои геополитикӣ имрӯз дар ҷаҳон собит месозад, ки вобаста ба бархӯрди иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои аҳамияти иқтисодию сиёсӣ дошта боис гардиданд, баъзе давлатҳо, ба монанди Сурия, Ироқ ва ба монанди ин давлатҳо дар ин бархӯрдҳо хисороти моддӣ ва маънавии зиёд диданд.

Шумо ҷавонон бояд барои ба боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳама сӯҳбату вохӯриҳо такя ба шумо мекунад, содиқ бошед.

Дар охир таъкид намуданд, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ҳамроҳ нашаванд ва бо иродаи қавӣ барои ватани азизамон саҳми худро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гузоранд.

Савриев Қушибой – сардори шуъбаи мубориза бо терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ оид ба терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср, ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ва шабакаҳои интернетӣ ва инчунин оид ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар ба ҳозирин расонид.

Ашуров А.Н. оид ба сиёсати давлатии ҷавонон ва дастуру супоришҳои намояндагони КДАМ, ҳидоят намудани донишҷӯён ба роҳи рост дар ҷодаи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва инсонпарварӣ минатдории худро аз номи раёсат ва аҳли толор ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагоне, ки ташриф оварданд, иброз доштанд.

Акрамов С.С. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон.