Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-009-и назди ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи рисолаи илмии УМАРОВ МИРАЛӢ АШУРАЛИЕВИЧ дар мавзӯи “Хосиятҳои хӯлаҳои сурб бо бериллий, магний ва алюминий” ва БОБОЗОДА САФАРАЛӢ ОДИНА дар мавзӯи “Коркарди масолеҳҳои композитсионии акустодемпферӣ дар асоси хӯлаҳои деформатсияшаванда” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ 05.16.09 – Маводишиносӣ (дар мошинсозӣ) баргузор гардид.

Мавзӯи интихобнамудаи номзадон аз мавзӯъҳои мубрам ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода шудааст.

Боиси ёдоварист, ки дар давоми ҳафтаи сипаришаванда ин дуюмин ҷаласаи Шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳ аст ва дар он чор нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.

Раёсати донишгоҳ, коллективи устодону кормандони факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ олимони ҷавонро бо ҳимояи бомуваффақиятии рисолаи илмиашон муборакбод мегӯяд.

Маркази иттилоот ва нашр.