Имрӯз дар кафедраи “Сохтмони роҳ, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иштироки мутахассисони ҷопонии Ширкати “Нитто Кэнсэтсу”-и Маркази рушди техникии Хоккайдо семинар баргузор гардид.

Намояндаҳо аз Ҷумҳурии Ҷопон: Ҷенки Кубо – Роҳбари шуъбаи рушди техникӣ, Такаши Ямазаки – Мушовири маркази рушди муҳандисии Хокайдо, Ёшикатзу Сато – тадқиқотчӣ – мутахассиси бахши тадқиқоти маркази рушди муҳандисии Хокайдо, Ёшимитси Таканиши – Роҳбари маркази рушди муҳандисии Хокайдо, Юсаке Конноув – Муовини шуъбаи рушди техникии Хокайдо, Макото Окомото – муовини шуъбаи рушди техникии Хокайдо, инчунин Нилуфари Аскаршо – тарҷумони гурӯҳи корӣ, намояндагони донишгоҳ Абдуллоев М.А. – Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналхалқӣ, Раҳмонзода А.Ҷ. – Сардори Идораи илм ва иноватсия, Юнусов Ф.М. – Сардори Маркази иттилоот ва нашр, Алибаева М.М. – Декани факултети Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, Анварова Г. – Сардори маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳо, Сайраҳмонов Р.Ҳ. – мудири кафедраи “Сохтмони роҳ, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”, устодон ва донишҷӯёни кафедраҳои факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” иштирок доштанд.

Дар ибтидо Абдуллоев М.А. меҳмононро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфта, барои ташкил намдани семинар дар мавзӯи “Технологияи назорати техникии кӯпрукҳо дар роҳҳои автомобилгард бо истифода аз таҷҳизоти санҷишии мустаҳкамии бетон (CTS-02v4)” изҳори миннатдорӣ намуд ва иброз дошт, ки мо – омӯзгорон аз ин ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҷопон хеле шодем. Боварӣ дорам, ки аз ин семинар омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ маълумоти лозимиро мегиранд.

Баъдан риштаи суханро ба ҷаноби Ҷенки Кубо – Роҳбари шуъбаи рушди техникӣ дода шуд. Ҷенки Кубо дар ибтидо иштирокдоронро бо мутахассисони ҷопонӣ шинос намуд. Ӯ мақсади семинарро асосан дар тадқиқот бо мақсади мукаммалгардонии лоиҳаҳо дар мавзӯи “Технологияи назорати техникии кӯпрукҳо дар роҳҳои автомобилгард бо истифода аз таҷҳизоти санҷишии мустаҳкамии бетон (CTS-02v4) ва ҷамъоварии маълумоти базавӣ барои баҳисобгирии ҳолати иншооти кӯпрукӣ” арзёбӣ кард.

Таҷҳизоти санҷишии мустаҳкамии бетон (CTS-02v4) таҷҳизот барои муайянкунии коршоямии конструксияҳои бетонӣ, ченкунии мустаҳкамии бетон дар фишӯрдашавӣ бо усули вайроннашавандагӣ тавсия гардидааст.

Дар рафти семинар ҳозирин оид ба чен намудан, гирифтани маълумот ва тарзи истифодаи таҷҳизоти номбурда тариқи саволу ҷавобҳо ва санҷиши намунавӣ маълумоти заруриро гирифтанд.

Боиси таваҷҷуҳ аст, ки намояндагии ширкарти ҷопонии JICA ба таври доимӣ бо мутахассисони роҳу коммуникатсияҳои нақлиётии кишвар робитаи зичи амалӣ доранд ва боиси умед аст, ки дар оянда бо тавсияҳои байниҳамдигарӣ ва табодули таҷрибаҳо мутахассисони ватанӣ аз таҷрибаҳои пешрафтаи ҷопонӣ баҳраманд шуда, дар истеҳсолот ва амалия онро татбиқ менамоянд.

Маркази иттилоот ва нашр.