Рӯзи 22.10.2018 намояндагони Раёсати донишгоҳ ба хобгоҳи №8 ташриф оварданд. Вохӯрӣ дар чорчӯбаи нақшаи чорабиниҳои корӣ сурат гирифт. Сатторова М.Қ. – мудири шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, Зоиров Ҳ.А. – раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён, Акрамов С.С. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Муминов Ф.С. – мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон, Иброҳимов Маҳмадюсуф – коменданти хобгоҳ ва донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, дар вохӯрӣ ҳузур доштанд.
Чун вохӯрӣ дар хобгоҳҳои дигар мақсад тарғиби риояи тартиботи дохилии хобгоҳ (тибқи Низомнома), пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро, интихоб намудани Шӯрои худидоракунии хобгоҳ ва монанди инҳо иборат буд.
Вобаста ба масъалаҳои қайдшуда Акрамов С.С., Саторова М.Қ. ва дигарон сухан ронданд.
Баъд аз он Шӯрои худидоракунии хобгоҳ дар ҳайати Давлатов С. – донишҷӯи факултети ТИ, раис, Қодиров О. – сардори ошёнаи 2-юм, Маҳмадфозилов М. – сардори ошёнаи 3-юм, Чилаев А. – сардори ошёнаи 4-ум интихоб ва тасдиқ гардиданд.
Дар охир барои ташриф ба меҳмонон сокинони хобгоҳ изҳори ташаккур карданд.
Маркази иттилоот ва нашр.