Дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо вохӯрии намояндагони қудратӣ (КДАМ) бо ҷавонони донишгоҳ баргузор гардид.

Вохӯриро муовини ректор оид ба корҳои тарбия – Ашӯров А.Н. ҳусни оғоз бахшид. Муовини ректор иброз дошт, ки мо шукрона аз тинҷию амонии кишвар мекунем. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ифтихор мекунанд, ки рӯзҳои 27-28-уми сентябр ҷаласаи сарони кишварҳои муштарак-ул-манофеъ ва 11-12-уми октябр ҷаласаи сарвазирони мамлакатҳои ИДМ дар пойтахти мамлакат бомуваффақият гузашт. Сарони давлатҳо ҳамчунин ба минтақаҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор сафарҳо анҷом доданд. Аз рушди иқтисодиёт, вазъи хуби зиндагии осоиштаи мардум шинос шуданд.

Албатта, таъмини сулҳу субот ва рушду нумуи манотиқи гуногуни кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст. Он натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар рафти вохӯрӣ ба ҷавонон доир ба масъалаи гурӯҳҳои ҷиноӣ дар ВМКБ маълумоти кофӣ ҳамчун иқтибос аз баромади Раиси ВМКБ, КДАМ ва дигар сарчашмаҳо оварда шуд. Дарҷ гардид, ки сокинони ВМКБ бо ҳаёти осоишта ва амну бобаракат фаро гирифта шудаанд ва ҳеҷ як қуввае нест, ки ин ҳаёти осоиштаи ононро халалдор намояд, онҳо низ ба зиндагии шоиста ҳуқуқ доранд ва бояд гурӯҳҳои ҷиноятпешае, ки дар вилоят амал мекунанд, решакан ва амнияти мардуми вилоят пурра таъмин гардад.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ – Акрамов С.С. ва мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ – Саидумаров С.С. бо баромадҳои худ ҷавононро ба он даъват намуданд, ки Тоҷикистони азиз як маротиба аз саҳнаи ҷанги шаҳрвандӣ гузашта, талхию нокомиҳо ва даҳшатҳои ногуфтаниро чашидааст ва ин барои садсолаҳо дар хотири миллати тоҷик ҳамчун ҳодисаи нанговари бародаркушӣ боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, шукрона аз истиқлолияти давлатии кишвар намуда, ба қадри осмони соф, сарҷамъии мардум ва баракату осоиштагӣ бояд расид.

Таҷрибаҳои ҳаррӯза, мушоҳидаҳо ва ахборот моро воқиф месозанд, ки бо қадре аз нооромии дохилӣ дасти манфиатҷӯёни хориҷӣ ба оташ равѓан мерезад. Ин амалҳо дар мисоли Сурияву Ироқ, Афѓонистону дигар давлатҳои ноором равшан аст, боиси таассуф аст, ки ин кишварҳои орому осуда ҳоло майдони озмоишҳо, муборизаҳои қудратталабон гардидааст.

Шукронаи тинҷию амонӣ ва сулҳи пойдори Тоҷикистон мебояд кард, ки он бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматпешаи кишвар бо қимати гарон ба даст омадааст.

Дар даврони истиқлолияти кишвар Тоҷикистон ва аз он ҷумла ВМКБ ва маркази он шаҳри Хоруғ ба таври шигифтангез обод гардидааст, мардум тинҷу осуда зиндагӣ менамоянд ва ба қадри ин неъматҳо бояд расид, бозичаи дасти манфиатхоҳони дохиливу хориҷӣ набояд шуд. Сохтмони роҳу иншоот, мактабу дармонгоҳҳо ва дигар муассисаву корхонаҳо дар даврони барои таърих на чандон тӯлонии истиқлолият исботи он аст, ки дар марҳилаи арзи вуҷуд намудани давлати абарқудрати Шӯравӣ иҷро нашуда буданд. Мо аз ҷумлаи миллатҳои бумии минтақа мардуми заҳматпешатарин ва босабр ба ҳисоб меравем, ки аз чанголи бераҳми таърих чандин маротиба раҳида, то ба имрӯзи хушбахтиҳо расидаем. Мардуми шарифи Бадахшон низ борҳо дучори азобу уқубатҳои бемисл гардидаанд, ки дар роҳи мубориза бо беадолатиҳои таърих фарзанди фарзонаи миллат – Қаҳрамони Тоҷикистон – Шириншоҳ Шоҳтемур ва чандин сиёсатмадорону олимону орифон сар баланд кардаанд. Қадрдонӣ аз меҳнати шабонарӯзии Роҳбари давлат ва халқи тоҷик шукрона аз тақдири неки худ аст.

Инчунин дар баромади маърӯзакунандагон саҳми мардуми Бадахшон дар пешрафти кишвар, ободкориҳо дар вилоят, сатҳи ҷинояткорӣ ва қонунвайронкуниҳо аз ҷониби бархе аз сокинони ВМКБ қайд гардида, аз ҷавонон ва махсусан ҷавонони ВМКБ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамчун нишони эҳтиром ба гузаштагон ва миллати арҷманди тоҷик ба омӯзишу таҳсил, ободкорию амали нек машѓул бошанд, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳамроҳ нашаванд, худ ва волидону наздикони хешро сархаму оилаҳояшонро ба парешонӣ наандозанд.

Дар охири вохӯрӣ суҳбати ошкоро ва саволу ҷавоб сурат гирифт, ки баромадкунандагон посухи қаноатбахш доданд ва аз номи устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ВМКБ даъват ба амал оварда шуд, ки силоҳу аслиҳаи худро супоранд, ба ҳаёти осоиштаи мардум хатар эҷод накунанд ва баҳри ободонии Ватани азизи худ саҳмгузор бошанд.

Маркази иттилоот ва нашр