Рӯзҳои 29 ва 30-юми октябри соли ҷорӣ дар факултети “Сохтмон ва меъморӣ”-и донишгоҳ семинари омӯзишии курси такмили ихтисос таҳти мавзӯи “Идоракунии захираҳои обӣ ва технологияҳои муосири поккунии об” доир гардид.

Семинар дар доираи лоиҳаи Гармонияи об баргузор шуда, дар рафти он аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти мушкилоти об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ККВД “Обу корези Душанбе” ва дигар ташкилоти ватанию хориҷӣ ширкат намуданд.

Дар семинар Азизов Р.О., Ҳасанов Н.Н., Шарифов Г.В., Кобулиев З.В., Харша Ратнавира, Қаландаров С.А., Табаров М., Боқиев Б.Р. ва дигарон дар бораи мушкилоти соҳа баромад ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баландӣ омодагӣ доир гардид. Боиси қайд аст, ки саҳми ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва олимони донишгоҳ дар ҳалли мушкилоти ин самти соҳа назаррас аст.

Маркази иттилоот ва нашр.