Дар Шӯрои диссертатсионии 05.02.07 – Технология ва таҷҳизоти коркарди механикӣ ва физикию техникии назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи рисолаи номзадии Хоҷаев Тоҷиддин Авғонович дар мавзӯи “Баланд бардоштани самаранокии раванди коркарди маҳсулоти курашакл аз сангҳои ранга бо мукаммалгардонии амалҳои тарҳӣ-технологӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ баргузор гардид.
Хотиррасон мешавем, ки бо таъсисёбии Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти олимони ҷавон дар сати пешниҳод ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ бартараф гардида, алҳол шароити мусоид пурра фароҳам оварда шудааст.
Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ Хоҷаев Т.А.-ро барои ҳимояи бомуваффақиятии рисолаи илмиаш самимона муборакбод гуфта, таманнои онро дорад, ки дар оянда низ дар Шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳ ҳимояи рисолаҳои илмии олимони ҷавон идома ёбад.
Маркази иттилоот ва нашр.