Бунёди аввалин давлати соҳибихтиёри миллии тоҷикон бо Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон солҳои 1990 ва 1991 аз самти сиёсӣ ба расмият даромад. Самти ҳуқуқии расмӣ гардонидани соҳибихтиёрии Тоҷикистон ба воситаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1978 дохилкардашуда амалӣ гардид. Вале он ҳанӯз пурра набуд. Барои асосҳои давлати навро дар самти баланди ҳуқуқӣ муқаррар кардан Конститутсияи нав зарур буд. Бо ин сабаб ҳанӯз аз солҳои 1990 кор аз болои тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нав оғоз ёфта, он бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 анҷом ёфт.
Конститутсияи соли 1994 аввалин бор Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр эълон кард. Соҳибихтиёрӣ хусусияти хоси ҳар як давлат буда, ҳокимияти олии ягона ва истиқлолияти ӯро дар муносибатҳои хориҷӣ ифода мекунад. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам асоси сиёсию ҳуқуқӣ, ҳам самти амалӣ дорад. Чунки дар дохил ва хориҷи кишвар қувваи муташаккиле вуҷуд надорад, ки он ба соҳибихтиёрии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дошта бошад. Ҳифзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон, кафолати ягонагии он бо имкониятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбии давлат пайвастагӣ дорад. Аз ин рӯ, кӯшиши мустаҳкам кардани асоси иқтисодии давлат ва баланд бардоштани самти некӯаҳволии зиндагии мардум ба пойдоргардонии соҳибихтиёрии давлат пайвастагии бевосита дорад.
Соҳибихтиёрӣ (аз олмонӣ Souveranitet – соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқҳои олӣ, истиқлолият: аз фаронсавӣ Souverainete – соҳибихтиёрӣ, мустақилӣ, волоият, ҳокимияти олӣ) хислати ҳокимият буда, аз ҳокимияти мазкур боло набудани ягон ҳокимияти дигарро мефаҳмонад. Соҳибихтиёрӣ хислати ҳокимият, волоият ва истиқлолияти ӯро нисбат ба ҳар гуна ҳокимияти дигар ифода мекунад.
Зери мафҳуми соҳибихтиёрӣ бештар соҳибихтиёрии давлат дар назар дошта мешавад. Ба ин чанде асос ҳам ҳаст, чунки бештар вақт сухан дар хусуси ҳокимият ва волоияти он меравад. Вале қаблан сарфи назар карда мешавад, ки ҳокимият на фақат ба давлат хос аст.
Соҳибихтиёрии давлатӣ дар заминаи соҳибихтиёрии миллат ва соҳибихтиёрии халқ қарор мегирад. Дар марҳилаи ҳозира бе амалӣ гардондани соҳибихтиёрии миллат пайдоиши давлат ва соҳибихтиёр гардидани он ғайриимкон аст. Гарчи ғояи ҳуқуқи миллатҳо ба худмуайянкунӣ дар замони нав эътироф намегардад ва ҳар гуна кӯшиши миллатҳо ба худмуайянкунӣ ҳамчун майлони ҷудоихоҳӣ (сепаратистӣ) маҳкум ва пахш карда мешавад. Бо вуҷуди ин заминаи асосии соҳибихтиёр гардидани давлат татбиқ гардидани соҳибихтиёрии миллат мебошад.
Ташаккулёбии ҳокимияти давлатӣ, ба расмият даровардани волоияти он бо соҳибихтиёрии халқ вобастагӣ дорад. Аммо то соҳибихтиёр гардидани халқ миллати мазкур бояд дар муборизаҳо соҳибихтиёрии худро пойдор ва ҳифз намояд. Халқ дар заминаи давлати миллӣ ба баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи тамоми ҳокимияти давлатӣ табдил меёбад. Давлатҳои тозабунёд аксаран давлати миллианд ва бештар ин ҳолат дар конститутсияи онҳо асоснок зикр меёбад. Бе татбиқи соҳибихтиёрии миллати тоҷик соҳибихтиёрии Тоҷикистон амалӣ гардида наметавонист. Аммо дар Конститутсияи Тоҷикистон дар хусуси миллати тоҷик ва ё давлати миллӣ будани Тоҷикистон сухане гуфта нашудааст. Зиёда аз ин дар Конститутсия ҳатто ибораи «халқи тоҷик» ҳам вонамехӯрад. Дар он аз сар то охир мафҳуми бесуроб (аморфӣ)-и «халқи Тоҷикистон» вомехӯрад, ки он ба ибораи «халқи шӯравӣ» хеле монанд аст.
Агар мо ба конститутсияи бисёр давлатҳо назар андозем, мебинем, ки дар онҳо на як бору ду бор аз хусуси миллати номи худро ба давлат дода ёдовар мешаванд. Масалан, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Туркия (с. 1982) фақат дар қисми сарнавишт ё ки дебочаи он зиёда аз даҳ бор дар хусуси «миллати турк», «туркҳо», «ватани туркҳо», «арзишҳои таърихӣ ва маънавии туркҳо», «қувваҳои мусаллаҳи турк» ва ҳоказо гуфта шудааст. Дар Қонуни Асосии Ҷумҳурии Федеративии Олмон (с. 1949) баробари «халқи немис», ҳам дар дебоча, ҳам дар бобҳои 1, 2 ва 11 ибораҳои «немисҳо», «ҳамаи немисҳо», «собиқ шаҳрвандони немис», «заминҳои немис» ва ғайра истифода шудааст. Дар Конститутсияи Испания (с. 1978) аз аввал то охир асосан дар бораи «миллати испан», «халқи испан», «ҳамаи испанҳо», «шаҳрвандии испан», «испанҳо» сухан меравад. Ҳатто дар Конститутсияҳои Ҷумҳурии Қазоқистон (с. 1995), Ҷумҳурии Қирғистон (с. 1993) дар хусуси «заминҳои қазоқ», «эҳёи миллии қирғизҳо», «қирғизҳо» меъёрҳо мавҷуданд. Дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (с. 1992) дар хусуси такя намудан ба таҷрибаи таърихии инкишофи давлатдории узбек гуфта шудааст.
Албатта халқи тоҷик аз қадим дари қалб ва кишвари худро ба ҳама боз намуда, аҳду паймони оштиву дӯстиро пос доштааст. Аммо набояд фаромӯш сохт, ки чунин «меҳмоннавозиву» садоқат ба «интернатсионализм» имрӯз ӯро аз мулкҳои тоҷикнишин, аз шукӯҳи илму фарҳанг ва аз ҳашамату бузургии пешин маҳрум сохтааст. Ҳоло ки бо амри таърих боз ватандорӣ насиб шудааст, тоҷик аз он набояд ҳаросад. Моро акнун боз ғурури ватандорӣ, шукӯҳу ифтихори ватандорӣ мебояд. Дар ин самт Конститутсияи Тоҷикистон бояд ҳиссагузор бошад.
Конститутсияи соли 1994 Тоҷикистонро давлати ягона эълон намуд. Ягонагии Тоҷикистон сабабҳои объективӣ дошта, ягонагии асосҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи ӯро ифода мекунад. Барои халалдор кардани ягонагии Тоҷикистон ҳеҷ гуна замина вуҷуд надорад. Дар ҳайати Тоҷикистон мавҷуд будани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягонагии давлатро боз ҳам мустаҳкам мегардонад. Зеро он чӣ аз самти этникӣ, чӣ аз самти одату анъанаҳо, хусусияти забон ва самти фарҳангии ҳайати аҳолӣ аз дигар минтақаҳои кишвар фарқияти куллӣ надорад. Мухторияти ин вилоят бештар мазмуни иқтисодӣ ва маишӣ дорад, ки аз хусусияти ҷуғрофӣ ва иқлими он бармеояд.
Ягонагии давлати миллӣ арзиши бебаҳо буда, ҳифзи он вазифаи ҳар як давлатдор ва фарди кишвар мебошад. Ҳифзи ягонагии давлат бо сиёсати одилонаи давлат, ғамхорӣ нисбати мардуми ҳар як минтақа ва гурӯҳҳои этникӣ, ба эътибор гирифтани манфиатҳои хоси онҳо пойдор мегардад. Таъмини сатҳи дурусти зиндагӣ ва имконияти озодона инкишоф ёфтани шахс пеши ҳар гуна кӯшиши ҷудоихоҳиро мегирад. Баръакс, қашшоқию беҳуқуқӣ, ноумедӣ ба оянда шахсро аз тақдири давлат бепарво мегардонад.
Дар ҳифзи ягонагии давлат ва соҳибихтиёрии он нақши қувваҳои мусаллаҳ калон аст. Таъйиноти асосии онҳо ҳифзи Ватан ва марзи он аз таҳдиди хориҷӣ аст. Дар дохили мамлакат барои зӯрӣ истифода кардани онҳо шаҳодати нопойдорӣ ва ноустувории давлат мебошад. Ба ҳамин муносибат дар Конститутсияи ҳар як давлат бояд сабт карда шавад, ки истифодаи қувваҳои мусаллаҳ дар ихтилофу низоъҳои дохилӣ манъ аст.
Конститутсияи соли 1994 аввалин бор баъзе хусусиятҳои ҳуқуқӣ-давлатии Тоҷикистонро, ки ба моҳияти ӯ пайвандӣ дорад, эълон намуд. Аз ҷумла, Тоҷикистон давлати демократӣ эълон шуд, ки он ба майлони умумии раванди демократии инкишофи ҷомеаи башар мувофиқат мекунад. Имрӯз сохтори демократӣ бешубҳа арзиши умумибашарӣ дониста шуда, аксари кулли давлатҳои ҷаҳон роҳ сӯйи демократияро афзал медонанд. Хусусан, давлатҳое, ки нав соҳибихтиёр гардидаанд, аксаран рӯ ба сӯйи инкишофи демократӣ меоранд. Чунки бо ин роҳ ба қатори давлатҳои мутараққӣ наздик шудани онҳо осон мегардад. Ҳатто давлатҳое, ки ба сурати воқеии инкишофи онҳо реҷаи авторитарӣ, тоталитарӣ ё дигар равандҳои ғайридемократӣ хос аст, худро демократӣ вонамуд менамоянд. Сохтори демократӣ ҷараёни беисти ба мардум наздик сохтани ҳокимияти сиёсӣ буда, ҳар як давлат дар марҳалаи муайяни инкишофи худ дар ин ё он сатҳи демократикунонӣ қарор мегирад. Давлатҳои нав бунёдёфта, одатан дар сатҳи ибтидоии раванди демократӣ буда, инкишофи он бештар ба муҳите алоқаманд аст, ки онро ҳокимияти сиёсӣ муҳайё месозад.
Давлати ҳуқуқбунёд эълон шудани Тоҷикистон мақсади наҷибест, ки давлат дар назди худ гузоштааст. Тайи даҳ соли охир дар хусуси нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд бисёр фикру андешаҳо гуфта ва навишта шудаанд. Вале қариб ҳамеша оид ба хусусиятҳои умумии ин падида андеша меронанд. Ба назари мо суръати ба самти ҳуқуқбунёдӣ инкишоф ёфтани давлат ба омилҳои ҷой доштани одату анъанаҳои демократӣ дар ҷомеа, эътирофи анъанавии волоияти қонун, баробарии воқеии инсон ва шаҳрванд дар назди қонун ва суд, вуҷуд доштани ҷомеаи шаҳрвандии мутараққӣ алоқаманд аст. Дар давлатҳое, ки аз реҷаи ғайридемократӣ озод гардидаанд ва тафаккури мардум ҳанӯз озодандеширо намепарварад, ба зудӣ барпо кардани заминаҳои давлати ҳуқуқбунёд ғайриимкон аст. Сарфи назар кардани талаботи қонун, аз итоати қонун сар тофтани баъзе табақаю гурӯҳҳои ҷомеа, намунаи ба қонун итоаткор набудани ходимони мансабдор, сӯйиистеъмол аз мансаб, аз қонун боло будани амру фармонҳо ва дигар нуқсонҳое, ки аз тарзи ҳаёти пешина мерос мондааст, барои пойдор шудани хусусияти ҳуқуқбунёдии давлат монеъ мегарданд. Айнан чунин нуқсонҳо аз давлатдории пешина ба Тоҷикистони имрӯза мерос мондааст. Кӯшишу ғайрати чандин наслҳои одамон зарур аст, то ин ки дар самти иҷрои ҳадафи ҳуқуқбунёди давлат ба комёбиҳо ноил гардад.
Тоҷикистон ба монанди чанде давлатҳои навбунёд моҳияти худро дунявӣ эълон намудааст. Ин ибораи то дирӯз ношинос ҳанӯз ҳам ба аксари одамон то охир равшан нест. Аз ин рӯ, саволҳо дар хусуси мазмуну таъйинот ва ҳадафҳои давлати дунявӣ хеле зиёданд. Ба ҳамин муносибат қайд кардан ба маврид аст, ки хусусияти конститутсионии давлати дунявӣ ҷой надоштани дини расмии барои ҳама ҳатмӣ, эътироф накардани оину қоидаҳои динӣ ба сифати сарчашмаи ҳуқуқ ва таъсири онҳо ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷудо будани сохтори динӣ аз давлат, мактаб аз масҷид, ҷой надоштани судҳои динии қарорҳояш ба ҳама ҳатмӣ, муносибат надоштани сохтори динӣ барои барасмиятдарории муносибатҳои никоҳу оила мебошад.
Баробари давлати дунявӣ эълон кардани Тоҷикистон Конститутсия озодии эътиқодро кафолат медиҳад (моддаи 26). Мувофиқи он ҳар кас ҳақ дорад, муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд. Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Ба ин муносибат ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад. Ташкилоти динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Дар навбати худ давлат низ ҳуқуқи мудохила кардан ба масъалаҳои дохили динро надорад.
Дар ҷомеаи тоҷик дини ислом на фақат мафкураи муайян, балки қисми таркибии ҳаёти мардум, самти ахлоқии он буда, бо имону покии қалб пайванд аст. Тоҷикон беимониро нуқси ахлоқ дониста, онро намепарастанд. Имони комили инсон арзиши бебаҳои ӯ буда, қадру қиммат ва мавқеи ӯро дар ҷомеа муайян мекунад.
Меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон ҷудоии давлатро аз диндорон ифода намекунад. Шахси диндор шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон буда, моддаи 17 аз тарафи давлат ба ҳар кас сарфи назар аз эътиқоди динӣ баробарҳуқуқиро кафолат медиҳад. Шаҳрванди Тоҷикистон иштирокчии фаъоли ҳамаи самтҳои ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад ва ҳеҷ асоси ҳуқуқие вуҷуд дошта наметавонад, ки бо сабаби эътиқод ҳуқуқу озодиҳои ӯ маҳдуд карда шаванд. Дунявӣ донистани давлат набояд боиси ихтилофи дину давлат гардад, чунки ба ҷомеаи тоҷик ҳарду арзиш – давлати миллӣ ва дини мубини ислом заруранд.
Дар қатори дигар хусусиятҳои номбурда Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон кардааст ва ба ӯҳдаи ӯ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварданро гузоштааст. Фаъолияти давлат барои ноил гардидан ба адолати иҷтимоӣ равона карда мешавад. Барои пешгирии нобаробарии иҷтимоӣ давлат бояд ба табақаҳои бепаноҳи аҳолӣ ёрӣ расонад, барои барпо кардани ҷойҳои кории нав ғамхорӣ намояд, барои барпо кардани муҳити мувофиқи зист ва таъмини ҳамкории иҷтимоӣ кӯшиш кунад. Меъёри моддаи якум дар хусуси давлати иҷтимоӣ бо нишондоди сарнавишти Конститутсия дар хусуси бунёди ҷомеаи адолатпарвар ҳамоҳанг аст.
Азбаски меъёрҳои конститутсия хислати муқаррарнамоӣ ва дурнамоӣ доранд, сатҳи татбиқу амалӣ гардидани онҳо низ ба ояндаи дур нигаронида шудааст. Вале то он вақт набояд интизор шуд. Бояд дар ҳар даври муайян татбиқи мунтазами онҳо ба роҳ монда шавад. Фақат бо ҳамин роҳ ҳуҷҷати ҳақиқии амалӣ будани Конститутсияро таъмин кардан мумкин аст.
Нақши конститутсия на фақат барои расмӣ гардондани бунёди давлати нав, инчунин барои таъмини инкишофи он низ калон аст. Чунки дар он асосу заминаҳое муқаррар шудаанд, ки фақат бо роҳи татбиқи дурусти онҳо давлат пеш рафта метавонад. Хусусан, амалӣ гардондани асосҳои дар боби аввали конститутсия пешбинишуда дар хусуси соҳибихтиёрии халқ ва шаклҳои таҷассуми он, тамомияти арзии давлат ва кафолатҳои он, бо роҳи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ амалӣ шудани он, эътибори олии ҳуқуқии конститутсия ва бевосита амал кардани меъёрҳои он, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ донистани санадҳои ҳуқуки байналхалқӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, асоси иқтисодии давлат ва объектҳои моликияти истисноии давлат заминаҳои пойдории Тоҷикистон мебошанд.
Қодиров Х.А. – магистри соли дуюми ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ