Устодон, донишҷӯён ва ҳозирини арҷманд!

Иҷозат фармоед Шумо ва дар симои Шумо коллективи гиромии ДТТ ба номи академик М.С. Осимиро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гӯям.

Ҳар як давлат дар давру замони мавҷудияти худ дорои тартибу низом ва қонуну қоидаҳои хеш аст. Батанзимдарорандаи тамоми тартибот ва қоидаҳои амалкунанда санадест, ки дар чорчӯбаи он ҳуқуқи шаҳрвандон, сохти давлатдорӣ ва дигар меъёрҳо ҷорӣ мегардад, тавассути он озодии ҳар як шахс, амнияти мардум таъмин мешавад. Аз ин рӯ, ин қонуни ягона ва олии мамлакат буда, онро муқаддас шуморидан ҷоиз аст ва ин қонун Конститутсия ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дорои Конститутсияи хеш аст.

Ҳанӯз барвақттар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин санади тақдирсоз қайд карда буданд, ки «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имконоти он ҳарчӣ бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад».

Конститутсия кафили баробарҳуқуқии тамоми шаҳрвандон буда, дар доираи он амал кардан ва ба роҳ мондани ҳар гуна фаъолият боиси шукуфоии Тоҷикистони азиз хоҳад гашт.

Пайдоиши аввалин конститутсия дар замони ба сари ҳокимият омадани синфи буржуазӣ рост меояд. Ин Конститутсияи ШМА (соли 1787) ва Конститутсияи Фаронса (соли 1791) ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин давра аввалин маротиба конститутсия шакли ягонаи қонуни асосиро гирифта, ҳамчун сарқонуни ин ё он давлати алоҳида эътироф шуд.

Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ҷумҳуриҳои иттифоқӣ истиқлолияти худро эълон намуда, ҳамчун давлатҳои мустақил аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, Конститутсияҳои худро қабул намуданд.

Дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти хешро эълон намуда, ба давлати мустақил табдил ёфт. Яке аз масъалаҳои асосие, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро муайян мекард, ин қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон буд. Ҳамин тавр, рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ин рӯз ҳамасола ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Муҳимтарин хулосаи дигар ин аст, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути ҳамин Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Дигаргуниҳое, ки тӯли солҳои охир дар мамлакат сурат гирифт, хеле зиёд буда, бидуни Конститутсия ва ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ ба амал оварданаш ғайриимкон буд.

Маҳз Конститутсияи соли 1994 ба ҳамин гуна санад табдил ёфт. Аҳамияти фавқулодда бузурги Конститутсия дар таҳкими пояҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иделогии давлати тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани на танҳо шакли идора, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат ба таври барҷаста аён мегардад.

Сарфи назар аз он ки дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон дуюмин шуда, баъди Русия соҳиби Конститутсия гардид ва ин Конститутсия таҳлили коршиносони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҷиҳати ҳуқуқии инсон дар радифи 5 Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви созмон эътироф шудааст, танҳо бо исботи он далел, ки Конститутсия бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ (на бо усулҳои дигар, масалан, тавассути муассисаҳои намояндагӣ – маҷлиси муассисон, Парламент ва ғайра) сурат гирифтааст.

Хусусияти аз ҳама муҳими Конститутсия дар он зоҳир гардидааст, ки ба ягон мафкураи ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтааст. Баъди ин солҳои амали Конститутсия метавон хулоса кард, ки маҳз ҷиҳати такмили қонунияти конститутсионӣ пояҳои демократияи давлати Тоҷикистон мустаҳкам гардонида шуд.

«Демократия дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки ҳокимият ба дасти қонун аст» — чунин нуқтаи назари Президенти кишвар аз мақоми баланди ҳуқуқӣ доштани Конститутсия дар системаи ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад. Ҳеҷ як санади ҳуқуқии дигар наметавонад, ки ягон меъёри хилофи Конститутсия дошта бошад ва агар дошта бошад, эътибори ҳуқуқӣ дошта наметавонад.

Умуман, вақте ки сухан доир ба Конститутсия меравад, мо бояд дар тасаввури худ ғунҷонида тавонем, ки он маҳз кафили озодию ҳуқуқбунёдии тамоми миллати тоҷик ва Тоҷикистони гиромӣ аст. Дар заминаи фаъол будани ин санади сарнавиштсоз тамоми мардуми тоҷик зиндагии бофароғату осоиштаи худро бемамониат тарҳрезӣ кардаву барои ояндаи худ назари некбинона дошта метавонад.

Аввалин маротиба вақте ки Куруши Кабир дар таърихи инсоният Эъломияи ҳуқуқи башарро навишта ҷорӣ кард, мо бояд имрӯзҳо аз он гузаштагони бофарҳангу мутамаддин ва хирадманду инсондӯст ифтихор дошта бошем. Шукрона аз он намоем, ки зери роҳбарии давлату ҳукумати имрӯзаи худ пой бар зинаҳои баланди тараққиёт мегузорем. Конститутсия ба мо барои зиндагии озодона, меҳнати содиқона, шодмонию дӯстию рафоқат кафолати кулл медиҳад. Конститутсия баробарҳуқуқии ҳамаи қишрҳои ҷомеаи кишвар, баробарҳуқуқии марду зан, олиму муҳандис, ронандаву омӯзгор, табибу иқтисодчӣ ва ғайраҳоро таъмин менамояд. Аз ин лиҳоз, мо дар асоси ин имкониятҳои беназир шукрона аз зиндагии осоишта ва серу пури халқи худ намоем. Барои мо танҳо вазифаи муҳими шаҳрвандие гузошта мешавад, ки он ҳам бо омӯзишу азхудкунӣ соҳиби касбу ҳунари зарурӣ шуда, хизматгузори халқу миллати хеш бошем. Хизмат ба халқи худ – хизмат ба падару модар, хизмат ба диёри хеш ва ниҳоят хизмат ба Офаридгор аст.

Шахсият ҳамон вақте инкишоф хоҳад ёфт, ки ҷамъият рушд кунад ва ҷамъият ҳамон вақте рушд мекунад, ки шахси бошууру инкишофёфта дошта бошад. Ҳамаи инро доимо Конститутсия ҳимоят карда, кафолат хоҳад дод!

Сарбаланд бошед!