Варзиш гарави саломатӣ буда, шахси ба он машғулшударо метавонад, ки ҳама вақт ҷавону солим ва бардам нигоҳ дорад. Инчунин варзишро роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ва дӯсти низ меноманд.

Бо кӯмаку дастгириҳои раёсати донишгоҳ, бахши кор бо ҷавонон ва кафедраи тарбияи ҷисмонии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ чорабиниҳои варзишӣ байни донишҷӯён гузаронида шуд.

Бо мақсаду мароми тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни донишҷӯён ва баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарони ДТТ ва дур намудани ҷавонон аз нашъамандӣ ва ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, ба монанди терроризм ва экстремизм муҳандисон ва мутахассисони ҷавонро ба варзиш даъват намуда, бо мақсади беҳдошти саломатии онҳо рӯзҳои 15-18-уми октябри 2018 мусобиқаи кушод оид ба “футболи хурд” байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.

Дар мусобиқа 7 факултети донишгоҳ ва хобгоҳи донишгоҳ иштирок намуданд. Мусобиқа аз рӯйи меъёрҳои муқарраргардида гузаронида шуд.

Дар фарҷоми мусобиқа ҷойи аввал насиби донишҷӯёни хобгоҳи №3 ва ҷойи дуюм бошад, насиби факултети “Энергетикӣ”, ҷойи сеюм насиби факултети “Нақлиёт” гардид. Ба ғолибон ҷом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Наҷмуддинов А.С. – мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ

Донаев И.М. – мураббии тарбияи ҷисмонӣ