Вақте ки сухан дар бораи олимони улуми риёзӣ меравад, бояд қайд намуд, ки саҳми олимони Шарқ низ дар ин соҳа хело назаррас мебошад. Яке аз уламои асри IX-X олим ва мутафаккири бузург Абурайҳони Берунӣ мебошад. Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ мутахаллис ба Берунӣ 4-уми сентябри соли 973 милодӣ дар шаҳри Коти куҳандиёри Хоразм таваллуд ёфтааст. Даврони кӯдакӣ ва ҷавониаш дар зодгоҳаш гузаштааст. Улуми мутадовилаи замонашро назди донишманди бузург Абӯнасри Мансур фаро гирифтааст. Сипас солҳои 998-1004 милодӣ ба шаҳрҳои Рай ва ҳамадони Эрон мусофират карда, дар шаҳри Гургон рахти иқомат меафканад ва дониши худро такмил медиҳад. Дар ин шаҳр асари нисбатан калонҳаҷми худ “Осор-ул-боқия”-ро таълиф мекунад. Ӯ соли 1005 милодӣ ба Ватанаш баргашта, ба дарбори Абулаббос ибни Маъмуни Хоразмӣ (солҳои ҳукмрониаш 1009 – 1017 милодӣ) даъват мешавад ва чун надими шоҳ ба хидмат мепардозад, вале маъмурияти ӯ дар дарбори Хоразмшоҳ дер давом намекунад. Султон Маҳмуд нома менависад ва Абурайҳони Беруниро ҳамроҳи чанд тан аз олимону суханварони дарбори Хоразмшоҳ ба дарбораш даъват мекунад ва ӯ ба шаҳри Ғазнин меравад ва то охири умраш дар дарбори Ғазнавиён хизмат мекунад.

Абурайҳони Берунӣ дар дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ асосан ба таҳқиқи масъалаҳои илмӣ ва таълифи осори нуҷумӣ, ҷуғрофӣ, фалсафӣ ва каломӣ машғул мегардад.

Асари аввали Абурайҳони Берунӣ китоби энсиклопедӣ буда, илмҳои ҳайъат ва риёзиро дар бар мегирад. Ин асар ба фаъолияти ситорашиносони машҳури Машриқзамин – Эроншаҳрӣ, Сулаймони Самарқандӣ, Муҳаммад ибни Исҳоқи Сарахсӣ ва дигарон бахшида шудааст.

Яке аз асарҳои бузурги Абурайҳони Берунӣ “Китоб-ут–таҳдил ва ниҳоят-ул-амокин” буда, дар риштаҳои улуми геодезиву ҷуғрофӣ баҳс мекунад ва муаллиф онро солҳои 1018-1025 милодӣ ба забони арабӣ таълиф кардааст. Ин асар аз муқаддима ва 38 фасл иборат буда, масоили мухталифи улуми арифметика (арифмотиқӣ), геометрия (ҳандаса), мусиқӣ, пайдоиши кӯҳҳо, муайян кардани арзу тӯли шаҳрҳо, кунҷи фалакулбурҷ ва ғайраро дар бар мегирад.

Китоби “Мо-лил-Ҳинд” соли 1031 милодӣ ба забони арабӣ таълиф шуда, иборат аз ҳаштод фасл аст. Дар он муаллиф дар бораи таърихи Ҳиндустон маълумоти умумӣ дода, масъалаҳои дину фалсафа, расму ойини ҳиндуҳо, ба вуҷуд омадани оламу одам, тоифаҳо (кастаҳо), пайдоиши дини буддоӣ, адабиёт, сарфу наҳв, шеър, хату имло, илму риёзиёти онҳо, ҷуғрофияи тасвирӣ, ривоятҳои муштараки мифологиву астрономӣ, чор фасли сол, мадду ҷазр ва бисёр дигар улумро мавриди баррасӣ қарор додааст. Бисёр асарҳои Абурайҳон Берунӣ доир ба илмҳои табиатшиносӣ буда, аксар онҳо ба муносибати 1000 солагии ӯ (1973) тарҷума ва нашр шудаанд. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ин муносибат “Осори мунтахаб”-и Берунӣ дар чаҳор ҷилд ба забони русӣ ба табъ расидааст. Дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Китоб-ут-тафҳим лӣ авоили саноъат-ит-танҷим” бо ҳуруфи кириллӣ ва бо забони форсии тоҷикӣ нашр шуд.

Абурайҳони Берунӣ дар афкори табиию илмии худ ақоиди донишмандони машҳур Фарғонӣ ва Хоразмиро идома дода, бештар масъалаҳои табиию илмиро тадқиқ кардааст. Ӯро яке аз асосгузорони улуми таҷрибавӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик медонанд. Афкори иҷтимоии ӯ, хусусан тадқиқи воқеаҳои иҷтимоиву таърихӣ ҷолиби таваҷҷуҳанд. Дар афкори табиию илмии Абурайҳони Берунӣ ба сайёраи Офтоб, ба масъалаҳои характери нур, гармӣ ва хосиятҳои он диққати махсус дода шудааст. Ӯ Офтобро як ҷисми гарми оташин пиндошта, ҳаракати нурҳои онро ниҳоят сареъ медонад. Гармии сайёраи Заминро низ, ки дар натиҷаи ҳаракати моддаҳо дар қишри Замин ба вуҷуд меояд, қайд кардааст. Дар соҳаи космология ӯ ба назарияи эпитсикилии Батлимус шак оварда, аз рӯйи ҳисобҳои риёзӣ дар меҳвари худ давр задани Заминро имконпазир шуморидааст. Берунӣ дар риштаи астрономия тадқиқоти зиёде дорад. Ӯ маркази оламро тадқиқ карда, ба чунин хулоса меояд, ки аз ҷиҳати астрономӣ системаи офтобмеҳварӣ (гелиосентрӣ) қобили қабул аст.

Берунӣ барои муайян кардани арзу тӯли маҳалҳо усулҳои нав эҷод кард ва тӯли ҷуғрофиро бо усулҳои машҳури мушоҳидаи гирифтани сайёраи Моҳ аз ду нуқтаи Замин гузаронид. Фарқи байни арзу тӯли бисёр шаҳрҳои Хуросону Мовароуннаҳр (Бағдоду Рай, Дарғот, Ҷурҷон, Балху Ғазнин ва ғайраҳо) ва роҳҳои гуногуни ҳисоб кардани онҳоро нишон дода, мушоҳидаҳои Гиппархис ва Балтимусро исбот кард, ки қитъаи Африқо аз тарафи ҷануб ба уқёнус мепайвандад. Вай кӯшиш кардааст, ки комёбиҳои илми риёзии юнониёну ҳиндуёнро бо ҳам бипайвандад. Дар ин соҳа ӯ то андозае ба муваффақият ноил шуд. Васеъ ҷорӣ шудани системаи даҳии ҳисоби ҳиндуҳо ба василаи ҷидду ҷаҳди вай имконпазир гардид. Ӯ муодилаи кубиро ҳал намуда, ҷадвали синуси 150 ва тангеси 10-ро тартиб дод. Берунӣ муайян кард, ки радиуси доира ба як баробар аст.

Дар инкишофи илми геология ва минералогия низ вай саҳми бузург гузоштааст. Таҳаввулоти геологии заминро кашф карда, дар заминаи он пайдоиши кӯҳҳо, ҷунбиши қитъаҳо, ҷойивазкунии баҳру бар ва умуман тағйироти гуногуни геологиро баррасӣ намудааст. Ҷараёни таҳшиншавии ҷинсҳои гуногунвазнро муайян намуда, пайдоиши қишр ва фаввораҳои табииро шарҳ додааст.

Абурайҳони Берунӣ забонҳои форсӣ, арабӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва ғайраро хеле хуб медонист. Ӯ дар асараш “Мо-лил-Ҳинд” аҳамияти омӯзиши забон, махсусан забони ҳиндиро таъкид кардааст.

Дар соҳаи адабиёти араб ӯ ҳамчун ноқиди мумтоз назми классикии арабро таҳқиқ кардааст. Дар “Китоб-ус-сайдона фит-тиб” ва “Китоб-ул-ҷамоҳир фӣ маърифат-ил-ҷавоҳир” роҷеъ ба баъзе минералҳо, филизот, рустаниҳо, ҳайвонот ва ғайра сухан ронда, зимни шарҳи масоили илмӣ аз суханварони қадиму ҳамзамонаш садҳо иқтибос овардааст.

Ӯ аввалин донишманди ҳиндшинос дар мамолики Шарқи исломӣ ба шумор меравад. Абурайҳони Берунӣ дар илмҳои астрономия, математика, минералогия, ботаника, зоология, фалсафа ва ғайра истилоҳоти гуногуни арабию форсӣ, юнонию суриёнӣ, санскрит ва ғайраро тадқиқ кардааст. Дар асарҳояш ба масъалаҳои маълум намудани мазмуни истилоҳот, шарҳи этимологии онҳо, муқоисаи истилоҳоти як илм дар забонҳои гуногун, муайян намудани тарзи навишти онҳо ва ғайраҳо аҳамияти махсус додааст. Ҳангоми баён кардани гиёҳҳои доруворӣ вай номҳои гуногуни онҳоро дар шаҳрҳои гуногуни Хуросону Мовароуннаҳр оварда, бо дигар номҳои дар адабиёти илмӣ сабтшуда муқоиса менамояд. Масалан, дар “Китоб-ус-сайдана фит-тиб” менависад, ки “хинчак” ном дарахти кӯҳиро дар забони форсӣ “кинбахн”, дар Сиистон “гулханак”, дар Нишопур “нонкаш” ва дар Меҳрон “гулангур” меноманд.

Чуноне ки қайд кардем, ки дар аҳди Сомониён ва Ғазнавиён форсии дарӣ чун забони илмии байналмилалӣ дар радифи забони арабӣ мақом гирифт ва осори пурғановати диниву мазҳабӣ, илмиву фарҳангӣ ба ин забон таълиф гардид. Дар ин ҷода саҳми донимандони маъруфи форсу тоҷик бузург ва назаррас аст. Аз байни донишмандони эронинажод Абӯалӣ Сино ва Абурайҳони Берунӣ мақоми арзандаеро соҳибанд ва ба қавли доктор Муҳаммади Муъин ин ду донишманд “назҳате дар Эрон падид оварданд, ки доманаи таъсири он то асри ҳозир кашида шудааст. Бо таълифи ин ду китоб (“Донишнома” ва “Китоб-ут-тафҳим”) фарҳанг ва луғоти форсӣ ғанитар ва арҷмандтар гардид. Зеро ин ду донишманд аз луғоте, ки мутадовил ва роиҷ буд ва низ аз он чӣ дар мутуни кутуб мазбут буд, гулчин карда, дар ду асари ҷовидонаи худ ба кор бурданд ва мафҳумҳое низ, ки луғоте дар тадовил ё дар китобҳои пешиниён наёфта буданд, луғоти роиҷро маҷозан ба маъниҳои ҷадид истеъмол карданд ва дар сурати зарурат таркибот ва истилоҳоте аз муфрадоти порсӣ пардохтанд ва забони порсиро то он ҷое, ки дар он аҳд муяссар буд, шоистаи адои мафҳумҳои илмӣ намуданд”.

Маҳмадюсуф Исломов — муаллими калони кафедраи “Математикаи олӣ”