Меҳмонон, устодон, донишҷӯён ва иштирокдорони Конференсияи илмӣ-оммавӣ! Шуморо ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва ин чорабинии ифтихоромез, ки ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, хайра мақдам мегӯям.

Бо шукргузорӣ аз неъмати сулҳу осоиштагӣ, дастархони пурнозу неъмати миллати тоҷик, хонаи чароғону равшани халқи Тоҷикистони азиз иброз медорам, ки 16-уми ноябр барои мардуми шарифи Тоҷикистон рӯзи оддию муқаррарӣ нест. Ин рӯз ҳамчун Рӯзи Президент дар сафҳаҳои таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дарҷ ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзанди бонангу номус ва ҷавонмарди миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои нахустини ба зимма гирифтани роҳбарии кишвареро, ки на артиши худро дошту на низому тартибот дар он ҷорӣ буд, аз пешомадҳои сахту сангин натарсида, ҷони худро ба хотири таъмини сулҳу осоиши миллат ба гарав гузоштанд, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хотима доданд. Миллати тоҷик ва ватани аҷдодиро аз марзи фаною нестӣ берун кашиданд. Тоҷикистону миллати тоҷикро аз чанголи бадхоҳони миллат наҷот доданд. Заҳмату талошашон дар ҷодаи нангу номуси миллӣ самараи нек ба бор овард, ки натиҷаю ҳосили ширину болаззати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат мечашад.

Маҳз ба ҳамин хотир соҳибназарон Эмомалӣ Раҳмонро Муаллифи китоби назми қонуни миллат, Асосгузори давлати миллии тоҷикон, Поягузори сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ва мутобиқи қонун Асосгузори Тоҷикистони мустақил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат унвон додаанд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабабу бемақсад нест. Ин интихоби моҳиронаю ояндабинона ба мартабаи ин рӯзи таърихӣ мафҳуму муҳтавои нав зам менамояд ва боз як саҳифаи китоби таърихи миллати тоҷикро рангину пурмазмун мегардонад.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти ҳаматарафа дорад. Таҷлили ин рӯз на танҳо маънои эҳтиром ба шахсияти барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик аст.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланд баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Зеро мардуми мо Истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст наовардааст. Ба қадри сулҳу субот ва ободии Ватан бирасем ва хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан мазмуни асосии зиндагиамон гардад.

Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро Президенти Русия Владимир Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакати чунин вазъияти муташанниҷдошта дида намешуд. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест, барои бисёр халқҳову мамолики дигар».

Баҳои баландро ба Президенти худ пеш аз ҳама миллати тоҷик медиҳад, зеро маҳз ин миллати дар тӯли таърих ҷафодида бо арҷмандии ин марди хирадманд ба ин давраи тиллоӣ даст ёфтааст ва маҳз миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои худ эътироф намудааст. Сарвари давлат меъмори сулҳи бебозгашти тоҷикон аст ва сиёсати хирадмандонааш назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Имрӯз ба Сурияву Ироқи ҷангзада менигарем ва сад шукр мегӯем ба Офаридгори пок, ки наҷотбахши миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба мо ато намуд. Ба ӯ қуввату ҷасорат дод, то ӯ ҳастии худро баҳри наҷоти миллат, ҳифзи марзу буми Ватан ва хотима бахшидан ба низои шаҳрвандӣ бахшид. Буҳрони шадиди сиёсии солҳои аввали истиқлолияти давлатии мо маҳз бо ибтикори стратегии Пешвои миллат бартараф гардид. Хусусиятҳои фавқулоддаи сарварии Пешвои миллат ба ӯ имкон доданд, ки ниҳоди қавии Президентиро дар Тоҷикистон ташкил кунад, ки он дар давраи ҷаҳонишавии босуръат ба тамоми хатару таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ муқовимат карда тавонад.

Мо, тоҷикон, дар таърихи худ ба касе душманӣ надоштему ҷангҷӯ набудем. Дар фарҳанги мо, дар ҳофизаи таърихи мо афкоре аз ҷангу низоъ набуд, нест ва нахоҳад буд. Лекин агар душмане ба сари мо ояд, таслим нахоҳем шуд. Ҳар як қитъаи замини Ватанамонро ҳамчун Шерак, Спитамену Темурмалик ҳифз мекунем.

Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар ватани мо рушди босуботи кишвар дар шоҳроҳи демократкунонии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудааст, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст.

Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2017 омадааст: “Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” соли 2017-ум аз ҳамаи манбаъҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардид ва дар соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст”.

Роғун барои кишвари мо бо заҳматҳои ниҳоят зиёд ба даст омадааст ва хушбахтона барои оғози фаъолияти агрегати якуми ин иншооти бузурги аср рӯзҳои камшумор мондааст. Мо оғози фаъолияти Роғунро таккони бузурге барои пешрафти иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва сиёсати Тоҷикистон ҳисобида, ин санаи некро ва ифтихормандона таҷлил хоҳем намуд.

Мо, коллективи устодони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо тамоми неру софдилона меҳнат карда, Ҳукумат ва Сарвари муаззами хешро бовар мекунонем, ки дар оянда низ мисли имрӯз барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мутахассисони соҳибтаҷрибаи техникиро омода ва равона месозем. Мо ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва адолатхоҳонаю инсондӯстонаи Пешвои худ ҳастем.

Сарбаланду хонаобод бошед!