Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ имрӯз пахши мустақими телевизионии ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми НБО-и Роғун аз ҷониби устодону донишҷӯён тамошо карда шуд.
Боиси ифтихормандист, ки иншооти бузурги аср – НБО-и Роғун имрӯз ба фаъолият оғоз намуд ва ин сохтмони муҳташами миллат барои пешрафти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар такони бузурге хоҳад шуд.
Аҳли коллективи бисёрнафараи донишгоҳ ин рӯйдоди таърихии миллатро дар толорҳои донишгоҳ бо ҳисси баланди ватандӯстию меҳанхоҳӣ, шукргузорӣ аз амнияти мамлакат ва ифтихор аз бунёдгузори НБО-и Роғун – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамошо карда, барои ояндаи неки Тоҷикистон умеди тоза доранд.
Маркази иттилоот ва нашр.