Рӯзи якшанбе. Талабшоҳ дар хона нишаста, дилаш пур аз ғаму ғ0усса буд. Гарчанде ӯ ҷавон аст, дилаш аз мушкилоти зиндагӣ ба танг омадааст.

Имрӯз рӯзи истироҳат, хост, ки китобе хонад ё барномаҳои телевизиониро тамошо кунад, аммо дилаш ҳеҷ қароре нагирифт. Ӯ тасмим гирифт ба лаби дарёи Кофарниҳон, ки ба хонаашон наздик буд, равад. Вай ба лаби дарё рафту мехост ғами дилашро ба дарё қисса кунад.

Ногаҳон чашмаш ба пирамарде афтод, ки аз дарё мегирифту лабханд мезад. Ва маънои онро дошт, ки имрӯз моҳии хубе ба даст овардааст.

Поёнтар аз пирамард мардеро дид, ки дар лаби дарё доду фиғон карда, ба сӯйи дарё мегуфт:

-Эй дарёи қотил, фарзандонамро куштӣ!

Талабшоҳ ҳамаи инро дида, худ ба худ мегуфт:

-дунё аҷаб дунёст. Гоҳе шодию гоҳе ғам, гоҳе хурсандию гоҳе дард.

Ногаҳон аз дарё садое омад. Ӯ ба Талабшоҳ гуфт:

-Эй ҷавонмард, мисли ту ҳар рӯз садҳо мардони дигар омада, ба ман рози дил мегшӯянд. Ва ман танҳо ба онҳо менигараму мегӯям, ки агар зиндагӣ осон намебуд, бо гиря оғоз намешуд. Ҳоло ту ҷавон ҳастӣ ва зиндагиат дар пеш аст. Зиндагӣ мисли мавҷҳои пурталотуми ман пастиву баландиҳои зиёд дорад.

Талабшоҳ аз ин суханҳо ба хулосае омад, ки ба ҳамаи пастию баландиҳо, нодорию қашшоқиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ман бояд зиндагӣ кунам, донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намоям, то ки ҳаёт маро ба хушиҳои зиндагӣ бирасонад.

-Ташаккур, эй дарё! – гуфту оҳи дардноке кашида, ба сӯйи хона равон шуд.

Раҳматуллоев Рамазон – донишҷӯйи курси 3,

г. 370106, факултети “Нақлиёт”.