Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ибтикори Парки технологии донишгоҳ бахшида ба гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, ба кор оғоз кардани агрегати якуми НБО-и Роғун ва ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фестивал-озмуни ихтироъкорони ҷавон баргузор гардид.

Дар озмун 21 нафар дар се равия ихтирооти худро пешниҳод намуданд. Ҳайати комиссияи баҳодиҳӣ – Саидзода Р.Ҳ. – Раиси комиссия, Абдуллоев М.А. — муовини раис ва аъзоён – Раҳмонов А., Тиллоев С., Оҷимамадов И.Т., Абдуллоев Р.Т. ва Хуҷаев П.С. – котиб баъди аз назар гузаронидани лоиҳаҳои пешниҳодшуда дастовардҳои беҳтаринро аз ҳар як равия сенафарӣ муайян намуданд:

-равияи энергетика, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия:

  1. Лоиҳаи “Сфинктрометр для исследования тонуса мышц тозового дна”. Муаллиф Нуралиев С.С., магистри курси 1, гурӯҳи 380202, факултети “Энергетикӣ” — сазовори ҷойи якум бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.
  2. Лоиҳаи “Электронный радиожучок”. Муаллиф Давлатова Х.Д., донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 430103-02А, факултети “ТИК” — сазовори ҷойи дуюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.
  3. Лоиҳаи “Модели роботи худсоз”. Муаллиф Абдулманиев А., донишҷӯи курси 1, факултети “Энергетикӣ” — сазовори ҷойи сеюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.

-равияи нақлиёт, технологияи кимиёвӣ, мошинсозӣ ва саноати сабук:

  1. Лоиҳаи муаллиф Муродов Ф.Б, донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 3601, факултети “ДМТБ — ДТТ”, сазовори ҷойи якум бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.
  2. Лоиҳаи “Роҳпаймо барои хабар додани шахсони нобино аз нақлиёти наздикшаванда”. Муаллиф Ойев Ф., курси 4, гурӯҳи 360101А2, факултети “ТИ”, сазовори ҷойи дуюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.
  3. Лоиҳаи Давлатзода С., факултети “Нақлиёт”, сазовори ҷойи сеюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.

равияи сохтмон ва меъморӣ, технологияи маводи сохтмонӣ, М ва КН:

  1. Лоиҳаи “Бизнес-план”. Муаллиф Бобоҷонова М.М., донишҷӯи курси 3, гуруҳи 260203 – 23Б, ихтисоси Логистика, факултети “М ва КН” — сазовори ҷойи якум бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.
  2. Лоиҳаи муаллиф Исломии Искандар, донишҷӯи курси 1, гурӯҳи 690101-01А1, факултети “С ваМ” — сазовори ҷойи дуюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.
  3. Лоиҳаи муаллиф Сангзода Қ.Ғ., донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 430105, факултети “С ва М” — сазовори ҷойи сеюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.

Инчунин 12 нафар донишҷӯ барои иштироки фаъолона дар озмун бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Боиси ёдоварист, ки Парки технологии донишгоҳ дар давоми сол ду маротиба чунин озмунро доир менамояд ва дар он донишҷӯён, аспирантон ва магистрон натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии худро дар намуди макету амсила ва асбобҳои гуногун пешниҳод менамоянд. Натиҷаи чунин ибтикорот аст, ки сол ба сол сафи тадқиқотчиён ва ҳавасмандони касби худ бештар гардида, дар оянда роҳи илм барояшон боз мешавад.

Озмун тавассути ВАО ба наворр гирифта шуда, баҳри тарғиби эҷодкорӣ, илмомӯзӣ ва ҳунармандии ҷавонон пешниҳод карда шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.