Таърих гувоҳи он аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати худ ҷонбозиҳои зиёд намудааст, то сарзамини Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо обод ва марзу буми он осоишта ва ором бошад. Иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ки соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ҳиҳати ҳифз ва нигоҳдошти сарвати гаронбаҳои миллат – ҳунарҳои мардумӣ нақши бориз гузошт.
Ҳунар ганҷи бебаҳо ва ҳунарманд шахси эҷодкор аст, ки бо ҳунари волои худ зебогиро меофарад. Беҳуда нагуфтаанд, “Дасти одамизод гул аст”. Дар ҳар оилаи тоҷик нафаре ёфт намешавад, ки ба ҳунари мардумӣ ё ба иборае ҳунари бобоӣ дилбастагӣ надошта бошад. Аксарияти мардуми тоҷик ба ҳунар рӯ оварда, касе ба дӯхтани гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ ва нафари дигар ба кулолгарӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, нақшпартоӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ машғул мешаванд.
Дар асрҳои миёна ҳунарҳои ҳалвогарӣ, собунпазӣ, нонвойчигӣ, кулолгарӣ ва заргарӣ дар Мовароуннаҳр рушд меёбад. Дар Самарқанд ба оро додани зарфҳои сафолӣ ва ороишоти заргарӣ таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Мардуми Суғду Хоразм, Ҳисору Хуталон бо сангҳои қимматбаҳои ороишӣ машҳур буданд. Беҳуда нест, ки Б. Fафуров таъсири тамаддуни халқиятҳои Осиёи Миёнаро дар офариниши осори бошукуҳи санъати сулолаи Ҳахоманишиҳо таъкид карда, аз Бохтару Суғду Хоразм бурдани чанде аз масолеҳи ороишии нодирро зикр менамояд. Тибқи навиштаҷоти Доро барои сохтани қасри Шуш аз Бохтар тилло, аз Суғд лоҷувард ва ақиқ, аз Хоразм фирӯза бурда шудааст.
Албатта ин зинаҳои тараққиёт дар Бохтари қадим то давраи зуҳури Зардушт кайҳо паси сар гашта буд. Аз Қубодиёну Тирмиз кашида, то Балху Ҳирот ва Марву Нисо ҳазорон шаҳрҳои обод ва деҳкадаҳои бузург доман афрохта буданд. Масалан, Қалъаи Мир, Кайқубодшох, Тахти Қубод, Тахти Сангинро ба ёд овардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, зироаткорӣ ва чорводорӣ саҳифаи наве дар зиндагии бошандагони Бохтари қадим маҳсуб гардида, аз думболаш тарзи зиндагии муқимӣ, косибию ҳунармандӣ ва ғайраро ба форсҳо овард.
Ба хотири болидарӯҳии мардум ба сохтани асбобҳои мусиқии халқи тоҷик, ба мисоли танбӯр, рубоб, думра, доира рӯ овардаанд. Сохтани асбобҳои мусиқӣ аз замони қадим дар Мовароуннаҳру Хуросон маъмул буд. Асосгузори санъати мусиқии тоҷик Борбади Марвазӣ ё шоири классики тоҷик Одам-уш-шуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо навохтани уд, чанг ва дигар асбобҳои зарбӣ санъати тоҷикро боз ҳам рангинтар мекарданд. Ин асбобҳо мансуб ба санъати мусиқӣ буда, дар рушди он нақши устоҳои чирадаст бештар дида мешавад.
Даврони истиқлол бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат кӯшиш ба он доранд, ки ҳунарҳои мардумиро ҳифз намуда, ҳунармандон боз ҳам эҷодкории худро сайқал дода, ғанитар бисозанд. Аз ин рӯ, кӯшиш бояд кард, ки барои равнақу ташаккули ҳунарҳои мардумӣ шароит муҳайё гардад, то ҳунарҳои аҷдодони мо аз байн нараванд.
Фирӯза Амонатова – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.