Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар асоси нақшаи солона чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми НБО-и Роғун, ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидов Ҷ.Ҳ., Раҷабова Л.Н. ва Мансурӣ Д., аз Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон – Иззатуллоев Ф., аз Кумитаи кор бо занон – Азимова М., Муродова Д. ва дигар меҳмонон – Қурбонов У.Т., Назарзода Р., Гулаҳмадзода З., Бӯриев Н. ва дигарон ширкат доштанд.
Чорабинӣ дар сатҳи ниҳоят дилпазир ташкил карда шуд. Дар оғоз меҳмонон бо ҳидояти роҳбарияти донишгоҳ толори варзишии донишгоҳро, ки пас аз таъмиру барқарорсозӣ ба истифодаи умум бояд дода шавад, ифтитоҳ намуданд. Дар ибтидо ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. доир ба варзиш, аҳамияти он ва дастовардҳои варзишии устодону донишҷӯён сухан ронда, қайд намуд, ки варзиш гарави саломатӣ ва қосиди сулҳу дӯстӣ аст.
Баъдан меҳмонон низ бо суханҳои саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба миллату давлат, солимии ҷавонон ва генофонди миллӣ баромад намуданд.
Пас аз он ба меҳмонон аз ихтирооту дастовардҳои илмию амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён намоишгоҳи махсус ташкил карда шуд, ки иштирокдорон аз он дидан намуданд.
Дар ошёнаи якуми толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намунаи хонаи оростаи арӯсӣ, дастархони тӯёна, ки бозгӯйи анъанаҳои миллии тоҷикон ва риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳост, доир карда шуд.
Дар толори маҷлисгоҳи асосӣ аввал доир ба рафти ба фаъолият оғоз намудани агрегати якуми Кохи нури Тоҷикистон – НБО-и Роғун, ҳунарҳои мардумӣ ва монанди инҳо филми мустанаде нишон дода шуд.
Баъдан ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. сухан ронда, ҳамагонро бо гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми НБО-и Роғун, ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт. Дар ин робита аз ҷониби меҳмонон низ суханҳои табрикотӣ ироа шуданд.
Пас аз суханрониҳо бо фармоиши ректори донишгоҳ баҳри дастгирии қишри осебпазири ҷомеа – маъюбон, ятимони кулл, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ба якчанд нафар донишҷӯён ба маблағи 1500 сомонӣ кӯмакпулӣ дода шуд.
Инчунин ба иштирокдорони фестивал-озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон, ки дирӯз ҷойҳои намоёнро ишғол карда ва фаъолона ширкат намуданд, ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим гардид. Барои иштирокчиёни озмун дар назар дошта шудааст, ки бо фароҳам овардани шароити зарурӣ онҳо барои саёҳати якрӯза ба НБО-и Роғун фиристода мешаванд.
Дар охир барномаи фарҳангии дастаи “Муҳандиси ҷавон” хотири ҳамагонро шод гардонид. Бахусус ороиши саҳна, суруду рақси донишҷӯён ва ташкили намоиши анъанаҳои тӯйи арӯсию домодӣ ҷолиб буд. Арӯсу домод бо нишон додани урфу одатҳои миллии минтақаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон бо ҳунармандии беназир намоиш дода шуд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони зиёди ВАО наворбардорӣ ва пахш гардид.
Маркази иттилоот ва нашр.