Имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар – ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид. Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мегардад.

Бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-уми ноябр навбати аввали агрегати НБО-и “Роғун” ба кор шурӯъ намуд. Воқеан ҳам рӯзи нурафшони миллат, оғози истиқлолияти энергетикӣ ва расидан ба ҳадафи стратегӣ ба истифодадиҳии агрегати якуми НБО-и “Роғун”-ро, ки ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон бо самимияти беандоза табрик менамоям.

Дар баробари ба истифода супоридани иншооти навбати аввали нерӯгоҳи “Роғун” ва истеҳсоли барқи аввал, ки ҳоло мо шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ гардидем, то имрӯз дар дигар иншооти асосиву ёрирасони он низ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. Ба шарофати иншооти зикршуда чанд рӯз пеш нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон пайваст гардид ва барқи истеҳсоли “Роғун” ба хонадони ҳар як сокини кишвар расид.

Нигоҳе аз таърихи НБО-и Роғун. НБО-и Роғун дар давраи иттиҳоди Шӯравӣ дар институти «Ташгидропроект» дар шаҳри Ташкент бо иштироки олимони намоёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва бо розигии роҳбарони вазоратҳои оби Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна лоиҳакашӣ шуда, барои таъмини оби ҷумҳуриҳои дар ҳавзаи Амударё ҷойгирифта нигаронида шуда буд.

Сохтмони дар Осиёи Марказӣ калонтарин НБО-и Роғун соли 1980 оғоз гардида буд. Тавоноии лоиҳавии НБО-и Роғун 3600 МВт буда (бо 6 агрегати ҳар кадом 600 МВт-а), тавлиди солонаи неруи барқ дар он беш аз 17 млрд. кВт соат пешбинӣ шудааст. Танзими бисёрсолаи ҷараёни дарёи Вахшро амалӣ намуда, НБО-и Роғун имкон медиҳад, ки на фақат тавлиди умумии энергияи барқ дар силсилаи дарёи Вахш зиёд шавад, балки муҳимтар аз ҳама имкон медиҳад, ки дар ҳар реҷаи зарурӣ кор карда, на фақат дар фасли тобистон, балки дар фасли замистон низ минтақаро аз барқ таъмин намояд. Дар айни замон таъминоти обии соҳаи зироати Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон сарфи назар аз обдории сол танзим мегардад.

Иқтидори лоиҳавии НБО-и Роғун ба 3600 мегаватт баробар буда, барои сохтмони он дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ 804 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст ва барои ба итмом расонидани сохтмони ин неругоҳ боз 2 миллиард доллари амрикоӣ маблағ лозим аст. Сохтмони НБО-и Роғун-ро дуюмбора соли 2008 шурӯъ намудем ва ҳамон сол дар НБО-и Роғун 635 нафар коргар ва 46 адад техника ва механизм ба кори неругоҳ машғул буданд. Ҳоло бошад, дар НБО-и Роғун беш аз 22 ҳазор нафар сохтмончиёну муҳандисон ва зиёда аз 3600 мошину механизм кор карда истодааст ва дар ояндаи наздик дар он ҷо зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисон ва коргарон бояд ба кор ҷалб карда шаванд.

Масалан, пас аз баистифодадиҳии пурраи агрегатҳои НБО-и Роғун истеҳсоли қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 31-33 млрд.кВт.соат./сол баробар мегардад. Агар дар ҳамон давра истеъмоли неруи барқ дар Тоҷикистон ба 23-25 млрд.кВт.соат./сол баробар гардад, изофагии қувваи барқ 8-10 млрд.кВт.соат./солро ташкил медиҳад ва онро ба давлатҳои ҳамсоя фурӯхтан мумкин аст. Тоҷикистон бошад, ин манбаи неруи барқи арзонро чӣ тавре ки гуфтем, барои ривоҷу равнақи саноати кӯҳӣ, саноати сабук ва хоҷагии кишлоқ истифода хоҳад бурд.

Соли 2000-2003 бо иштироки мутахассисон, олимон, роҳбарони вазоратҳои обу энергетикаи Ҷумҳуриҳои Қазокистон, Кирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон стратегияи ҳамкории минтақавӣ доир ба самаранок истифода бурдани захираҳои обию энергетикии Осиёи Миёна (SPECA) коркард шуд.

Мувофиқи ин хуҷҷат захираҳои нафту газ дар Осиё миёна ба 60 сол расида, пас аз он тамом мегардад. Захираҳои гидроэнергетикӣ бошад, барқароршаванда буда, аз нуқтаи назари экологӣ неруи тоза мебошад. Имрӯзҳо қувваи барқи дар Точикистон истеҳсолшуда зудии қувваи барқи шабакаи барқи Ӯзбекистон ва ҷанубии Қазоқистонро ба танзим медарорад. Аз гуфтаҳои дар боло овардашуда чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҷумҳуриҳои ҳамсоя – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон дар ояндаи наздик ба сӯйи гидроэнергетикаи тоҷик рӯй меоваранд.

Бунёди сарбанди неругоҳ, ки сатҳи баланди касбият ва таҷрибаи зиёдро тақозо менамояд, ба уҳдаи ғолиби тендери байналмилалӣ – Ширкати итолиёии “Салини Импреҷило” вогузор гардидааст. Тавре ки ҳамватанони азизамон дар ёд доранд, аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-уми октябри соли 2016 маҷрои дарёи Вахш тағйир дода шуд, ки ин ба бунёди таҳкурсии пешдарғоти сарбанди 335-метраи неругоҳ асоси боэътимод гузошт. Ғунҷоиши обанбори неругоҳ 13,3 млрд. м3 буда, ҳаҷми умумии сангу шағали дар сарбанд рехташаванда 71,10 млн.м3-ро ташкил медиҳад, ки барои амалисозии сарбанди неругоҳ шабонарӯз мутахассисони ватанию хориҷӣ машғули кор мебошанд.

Ҷумҳуриҳои ҳамсоя асосан обро дар соҳаҳои кишоварзӣ истифода мебаранд, ки қисми зиёди об филтратсия гашта, зери замин меравад ва сатҳи оби зеризаминиро боло мебардорад ва қисми дигараш бошад, буғ гашта, ба атмосфера бармегардад. Дар вақти истифодабарии об дар соҳаи кишоварзӣ об ба дарё барнагарданда мебошад ва дар гидроэнергетика бошад, пас аз гузаштани об аз гидротурбина ва тавлид кардани қувваи барқ об ба дарё бармегардад. Яъне ба кам ва ё ба зиёдшавии оби дарё таъсири манфӣ намерасонад.

Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки обанборҳои НБО барои ба танзим даровардани таъминоти доимии об нақши муҳимро мебозад. Ба сифати мисол дида мебароем, дар вақти камобии солҳои 2000 ва 2006-ум оби обанбори Норак ва Қайроққум хоҷагии деҳоти давлатҳои ҳамсояро наҷот дода буд. Пас аз сохтани НБО-и Роғун ва дигар иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳамаи давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон низ бо энергияи электрикии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти тартиб додани нақша ва тарҳрезии лоиҳаҳои гидроэнергетӣ манфиатҳои давлатҳои ҳамсоя ва проблемаҳои экологии Осиёи Миёнаро ба назар гирифтааст.

Аз ҷумла сохтмонҳои НБО-и хурду миёна низ ба экологияи давлатҳои дар ҳавзаи Амударё ҷойгирифта таъсири манфӣ намерасонанд.

Шарафов Наҷибулло – магистранти курси 2, г. 2-430101В