Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар баробари таҳсили нисбатан душвори касбҳои техникӣ инчунин дар вақтҳои фориғ аз дарсу омӯзиш ба варзиши бадан машғул шуда, бо меҳнату тамрини кофӣ дар мусобиқаҳо ширкат мекунанд ва ҷойҳои намоёнро низ ишғол менамоянд.
Ин навбат дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 18-уми октябр то 25-уми ноябри соли равон як қатор донишҷӯён ширкат карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд:
- Исматов Одилшоҳ – устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, донишҷӯйи курси 1, гурӯҳи 700202, факултети С ва М – давидан дар масофаи 400 м, 4-400 м ва 800 м, сазовори ҷойи якум.
- Садиров Сомон – донишҷӯйи курси 2, факултети ТИК – дар намуди гурзпартоӣ сазовори ҷойи якум дар мусобиқаи ш. Душанбе.
- Каримдодова Шабнам – донишҷӯйи курси 1, гурӯҳи 69010109Б, факултети С ва М – давидан дар масофаи 400 м сазовори ҷойи сеюм.
- Муборакшоева Шаҳноза – донишҷӯйи курси 1, гурӯҳи 69010101А1, факултети С ва М – давидан дар масофаи 4-100 м ва 4-400 м сазовори ҷойи сеюм.
- Шарипов Абдулло – устоди варзиши байналмилалӣ, донишҷӯйи курси 2, гурӯҳи 27010112, факултети Энергетикӣ – дар намуди бокс сазовори ҷойи дуюм дар мусобиқаи шаҳрӣ ва сазовори сеюм дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ.
- Гулов Саидҷон – устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон – донишҷӯйи курси 3, гурӯҳи 27010110А, факултети Энергетикӣ – сазовори ҷойи якум дар мусобиқаи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ.
Имрӯз аз номи раёсати донишгоҳ муовини аввали ректори донишгоҳ – Саидзода Р.Ҳ. варзишгаронро бо дастоварди навбатиашон таҳният гуфта, дар мусобиқаҳои навбатӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Маркази иттилоот ва нашр.