БА ДИҚҚАТИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТҲО, САРДОРОНИ ИДОРАВУ ШӮЪБАҲОИ ДОНИШГОҲ!

Ба иттилои Шумо расонида мешавад, ки маъракаи обуна ба газетаи донишгоҳии “Муҳандиси ҷавон” оғоз гардидааст. Аз ин рӯ, Раёсати донишгоҳ ба Шумо супориш медиҳад, ки барои дар сатҳи зарурӣ ҷалб намудани устодон, кормандон ва донишҷӯён барои обунашавӣ чораҳои мушаххас андешед.

Маблағи обуна дар соли 2019 барои устодон ва кормандон 25 (бисту панҷ) сомонӣ ва барои донишҷӯён 15 (понздаҳ) сомонӣ муқаррар гардидааст.

Дар сурати пайдо шудани саволҳо доир ба ин масъала ба Маркази иттилоот ва нашри донишгоҳ ва редаксияи нашрияи “Муҳандиси ҷавон” (тел.: 2270159) муроҷиат намоед.

Муҳлати маъракаи обуна то 25.12.2018 таъйин шудааст.