Дар асоси банди 4-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.05.2018 таҳти №240 «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Асосҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ташкилӣ-техникии рушди комплекси сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо нашри маҷмӯи мақолаҳо даъват мекунем.

Конференсия 29-уми декабри соли 2018 дар ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Ҳаёти Нав, 10 баргузор мегардад (нишонӣ: Автовокзал, бинои факултети Сохтмон ва меъморӣ).

Бақайдгирии иштирокчиён соати 800. Оғози конференсия – соати 900.

Барои иштирок дар конференсия даъват мешаванд: донишҷӯён, аспирантҳо, олимон, кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҶТ, пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ва дигар шахсони манфиатдор.

Мақсади конференсия: мубодилаи таҷрибаи илмӣ-амалӣ ва ҳавасманд намудани олимони ҷавон ба рушди комплекси сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маърӯзаҳо дар самтҳои зерин дар конференсия қабул карда мешаванд:

-Ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди комплекси сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Ҷанбаҳои ташкилию техникии рушди комплекси сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон;

-Асосҳои танзими давлатии соҳаи сохтмон;

-Ҷанбаҳои назаравию методологии идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ;

-Ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии худидоракунии маҳаллӣ.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Барои иштирок дар конференсия зарур аст, ки то мӯҳлати муайяншуда ба кумитаи тадорукот мақолаҳоро мувофиқи талабот ирсол намоед.

Маводи маърӯзаҳоро бо ҳаҷми 4-6 саҳифаи пурра дар намуди файл дар формати MS WORD WINDOWS то 16-уми декабри соли 2018 ба суроғаи почтаи электронии зерин фиристед: cafarova-o@mail.rugulomjon07@inbox.ru (дар намуди файл бо ному насаб ва рақами самт).