Тоҷикон таърихи бою куҳан доранд. Ҳанӯз дар асрҳои IX – VII давлатҳои Суғду Бохтар, Порту Марғиён ва Хоразми Бузургро созмон дода, дар рушди тамаддуни башар ҳиссагузорӣ кардаанд. Дар масири таърих борҳо тавассути ҳамлаҳои давлатҳои абарқудрат истиқлолияти худро аз даст дода, боз соҳиби давлату шаҳомат гаштаанд.
Ҳамлаҳои ҳахоманишиҳо, Искандари Мақдунӣ, Сосониён, арабҳо, салҷуқиёну ғазнавиҳо, қарохониҳо, чингизиён боиси давра ба давра аз байн рафтани давлатҳои куҳан, сарзаминҳои бобоӣ ва ба сарзамини камзамин табдил ёфтани мулки тоҷикон гардид. Ҳамеша ҳисси истиқлолиятхоҳӣ ва озодидӯстӣ ниёгонамонро ба корнамоиҳою шуҷоатмандӣ даъват мекард. Мисоли он баъди тасарруфи арабҳо хонадонҳои маъруфи ибтидои садаи нуҳум Тоҳириён, Саффориён, Сомониён муваффақ гаштанд, ки ба давлату маданияти миллӣ эҳё бахшанд. Абармардони миллат чун Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ тавонистанд аз ҳайати хилофати араб берун гашта, давлати мутамаркази соҳибихтиёру миллии тоҷиконро асос гузоранд, ки маҳз дар ҳамин давра ташаккули халқияти тоҷик ва тамоми унсурҳои он – марзи ягона, забони адабии тоҷикӣ, маданияти ягона ташаккул ёфтанд. Беҳуда нест, ки олимон ин давраи таърихи халқи моро давраи тиллоӣ меноманд. Дар ин давра илму фарҳанги мо бисёр нобиғаҳои нотакрорро чун Абунасри Форобӣ, Абуалӣ Сино, Берунӣ, Ал Хоразмӣ, Рӯдакию Фирдавсӣ ба тамаддуни башар пешкаш кард.
Бинобар ин соли 1999 мо 1100-солагии таъсиси Давлати Сомониёнро ҷашн гирифтем, то пояи ифтихори миллӣ, ҳисси хештаншиносии худро боло барем. Соли 999 Давлати Сомониён зери зарбаҳои қабилаҳои турки салҷуқиёну қарохониҳо ва ғазнавиён аз байн рафт. Инони истиқлоли тоҷиконро онҳо рабуданд.
Фақат соли 1924 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тақсимоти миллию марзӣ (инро олимон таърихи табартақсим ҳам меноманд)-и Осиёи Миёна дар харитаи сиёсии шӯравӣ аввал чун ҷумҳурии мухтор ва аз соли 1929 чун ҷумҳурии шӯравӣ арзи ҳастӣ кард. Ин зинаи аввали расидан ба истиқлолият баъди суқути Давлати Сомониён буд. Лекин ин истиқлоли комил набуд.
Дар миёнаи солҳои 80-ум ба вуҷуд омадани вазъи буҳрон эҳсос мешуд. Аз солҳои 80-ум сар карда, ҷумҳуриҳои назди Балтика баъд Кавказ ва Осиёи Миёна кӯшиши аз ИҶШС баромадан карданд.
Дар Тоҷикистон истиқлолиятхоҳӣ аз воқеаҳои февралии соли 1990 сар шуд.
24-уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти ҷумҳурӣ эъломия қабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». 19-уми августи соли 1991 дар Маскав Комитети давлатии фавқулодда таъсис ёфт. Аз 20-уми август сар карда, Эстония, Украина, Белоруссия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва дигарҳо худро соҳибистиқлол эълон карданд. Ин маънои амалан аз байн рафтани ИҶШС – СССР-ро дошт. 8-уми декабри соли 1991 дар Беловежск дар бораи Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) созишнома бастанд. Ва ҳамин тавр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 таъйин гардид. Ин иди бузург ҳамасола 9-уми сентябр дар тамоми кишвари мо бо як шаҳомати бузург таҷлил мегардад!
Шарипов Наҷибулло Неъматуллоевич – ассистенти кафедраи забонҳо.