Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд.
Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба ду озмун, яъне грантҳои бузург ва миёнаи лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонии «Рушди таҳсилоти олӣ» лоиҳа пешниҳод намуд. Хушбахтона ҳар ду лоиҳаи пешниҳодшуда аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонии «Рушди таҳсилоти олӣ» маъқул дониста шуданд.
Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Созишномаи грантӣ №02/01 аз 30 ноябри соли 2018 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ (Татбиқи стандартҳои аврупоӣ ва байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ дар мисоли ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ») ва Созишномаи грантӣ аз 30.11.2018, №12/02 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ (Ихтисосҳои муҳандисӣ – имкониятҳои нав барои духтарон) ба имзо расид.
Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми кушодани ду бинои иловагии таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд қайд карда буданд, ки «…барои кор бо ин дастгоҳ, истифодаи дуруст ва ҳифзи он кадрҳои мувофиқ омода бояд кард, то ки ин дастгоҳи пурарзиш кори духтурон ва мушкилоти ниёзмандонро сабук карда давоми солҳои тўлонӣ хизмат кунад». Аз ин сабаб ҳолати мазкурро таҳлил карда, аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ чун донишгоҳи пешбари омодакунандаи кадрҳои муҳандисӣ дар ҷумҳурӣ қарори оғози созмон додани ихтисосе, ки муҳандиси хизматрасони техникаи тиббӣ, инчунин конструкторон барои заводҳои протезӣ-ортопедиро тайёр мекунад, қарор қабул гардид.
Мақсади асосии лоиҳаи якум ин пеш аз ҳама татбиқи стандартҳои аврупоӣ ва байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ дар мисоли ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ» дар зинаи бакалавриат ва магистратура мебошад. Амалишавии лоиҳа дар ду марҳила ба нақша гирифта шудааст. Марҳилаи якум корҳои омодагиро доир ба кушодани ихтисос, аз он ҷумла дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ ва аврупоӣ таҳия намудани стандарт, барномаҳо ва модулҳои корӣ, созмон додани озмоишгоҳҳо, доиркунии тренинги тренер-шарикон барои устодони донишгоҳ, гирифтани иҷозатнома, доиркунии маъракаҳои ахборотӣ-ташвиқотӣ, қабули довталабон ба бакалавриат ва магистратура дар бар мегирад.
Марҳилаи дуюм дар ташкили бевоситаи раванди таълим ба итмом мерасад, ки он ҷо дар қатори машғулиятҳои синфӣ, семинарҳо бо ҷалби шарикони дохилию хориҷӣ ташкил карда шуда, инчунин гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар муассисаҳо-шарикон ба нақша гирифта мешавад. Барои амалишавии лоиҳаи мазкур шарикони хориҷӣ, аз ҷумла AGH Донишгоҳи илм ва технология (Факултети электротехника, автоматика, техникаи ҳисоббарор ва Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ), Фонди таълимии «Перспектива» аз кишвари Лаҳистон (Полша), Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба ном Ал Фараби; Донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск ва шарикони маҳаллӣ, аз ҷумла ҶДММ «Авроком», Ташкилоти ғайридавлатии «Марказ доир ба масъалаҳои экология ва технологияҳои инноватсионӣ дар ҶТ» ва МД «Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе» омодагии пурраи худро иброз дошта буданд.
Лоиҳаи дигар бо унвони “Ихтисосҳои муҳандисӣ – имкониятҳои нав барои духтарон”, ки дар доираи гранти озмуни лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ аз тарафи ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ амалӣ шуда истодааст, ба ҷалби духтарон ба ихтисосҳои муҳандисӣ бахшида шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъоли занон дар тамоми ҷанбаҳои фаъолияти ҷомеъа аҳамияти хосаро касб намудааст. Хусусан иштироки фаъоли занон дар самти илм, сиёсат ва фарҳанг хеле назаррас аст. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар самти техника ва технология занон хеле кам ба кор ҷалб гардидаанд, яъне зан – муҳандис, зан – сохтмончӣ, зан – меъмор, зан – энергетик, зан – мутахассиси технологияҳои информатсионӣ ва ғайра хеле кам ба назар мерасад. Дар даврони истиқлолият дар ин самт корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд. Хусусан ҷудо гардидани квотаи Президентӣ барои фарогирии духтарон ба таҳсил дар донишгоҳо, хусусан дар самти техникаю технология ба амалишавии сиёсати гендерӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Вобаста ба гуфтаҳои боло зарурати чораандешӣ барои ҷалби бештари ҷавондухтарон ба интихоби касбҳои муҳандисӣ пеш меояд. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун донишгоҳи базавии техникии кишвар нисбат ба ҷалби духтарон ба ихтисосҳои муҳандисӣ чорҳаои дахлдор андешида истодааст.
Барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ амалишавии мақсадҳои зеринро дар лоиҳа пешбинӣ намудаст:
-шинос намудани толибагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи НТҶ ҶТ бо дурнамои таҳсил дар ихтисосҳои техникӣ (муҳандисӣ);
-дастгирии донишҷӯдухтароне, ки дар хобгоҳҳо истиқомат менамоянд, бо роҳи таъмини дастрасии онҳо ба технологияҳои иттилоотӣ, созмондиҳии синфи компютерӣ.
Барои амалишавии мақсади аввал ташкили тренинг (Training for trainers) бо иштироки шарикони дар ин соҳа таҷрибадошта (ТҶ «Бахтовар» ва ТҶ «Маърифати шаҳрвандӣ», Тоҷикистон) барои ҳам устодони ДТТ ва ҳам барои донишҷӯдухтарон дар назар аст, ки онҳо пас аз тренинг барои ташкили чорабиниҳои равшаннамоӣ баҳри ташвиқи духтарон ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои олии техникӣ бо сафарҳои хидматӣ ба МТМ НТҶ фиристода мешаванд. Дар раванди ноил шудан ба ин мақсад бо шарофати Training for trainers баландбардории малакаи роҳбарии омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни ихтисосҳои техникӣ дар байни духтарон ва омодасозии онҳо чун мураббиён-роҳнамоён роҳандозӣ мегардад. Инчунин дар мансабҳои баланпояи Тоҷикистон занони муҳандис кор мекунанд, ки доир ба онҳо қисми зиёди ҷомеа маълумоти кофӣ надоранд. Таҷриба ва ҳидояти онҳо низ метавонад, чун як омили ҳавасмандӣ барои духтарон хизмат кунад.
Барои беҳтар гардонидани омодасозии донишҷӯдухтарон ва таъминот бо манбаъҳои иттилоотӣ, инчунин ҷиҳати дастгирии духтарон дар яке аз хобгоҳҳои ДТТ синфи компютерӣ ташкил карда мешавад, то ки ба донишҷӯдухтарони сокини ин хобгоҳ манбаъҳои иттилоотӣ ва интернетӣ дастрас бошанд.
Тартиби баррасии шикоятҳои лоихаи «Рушди таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Барои фарохонӣ пахш кунед:
- бо забони точикӣ GRM_Taj (1)
- бо забони русӣ GRM_Rus (1)