Нимаи дуюми рӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аҳли коллективи бисёрнафараи устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба таври дастаҷамъона филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ”-ро тамошо карданд. Филми мазкур доир ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисса мекунад. Шарҳи ҳодисаҳои нангини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагонро водор месозад, ки бори дигар сари тақдири миллати тоҷик андеша намуда, худ, фарзандон ва ҷавононро дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, зиракии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу субот тарбия намоянд. Зеро ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта сабақи бузург барои миллати тоҷик ва халқи сулҳофари Тоҷикистон аст.
Маркази иттилоот ва нашр.