Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 аз номи худ, Раёсат ва Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, рӯҳи болида, иқболи накӯ ва барори кор орзу менамоям.

Таҷлили Соли нави мелодӣ аз ҷониби аксарияти аҳолии курраи замин шаҳодат аз он медиҳад, ки ин ҷашни ҷаҳонӣ аз нав шудани боз як сол, рӯз ва дақиқаҳои нав дарак медиҳад. Мо низ онро ҳамчун рӯзи фархундаи қадам ниҳодан ба рӯзи нав, соли нав ва навовариҳои нав бо умед ва шодмониҳои зиёд дар қатори аксарияти халқи ҷаҳон пешвоз мегирем.

Дар ин рӯзи фархундапай – оғози марҳилаҳои нави зиндагӣ – Соли нави 2019 орзу менамоям, ки Соли нав бо қадамҳои пурфайзу пурбаракаташ ба фазои тинҷу ороми Тоҷикистони азиз боз ҳам авҷу барор, нусрату пирӯзӣ, баракату кушоишҳоро тақдим кунад, Ватани моро ба сони зарраҳои барфаш бо накӯиҳою неканҷомиҳо лабрез гардонад.

Ҳар соли сипаришаванда дар ҳаёти ҷомеаи мо нақши худро мегузорад ва мо соли 2018-ро бо тамоми бурду бохтҳояш барои кишвар соли таърихӣ, соли пур аз дастовардҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, илмӣ, соли таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ ва рушди соҳаи варзиш меҳисобем. Мо, коллективи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар қатори тамоми мардуми тоҷик шукргузор аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои осоиштаю дастархони пур аз неъмати мардум боз ҳам барои татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшишу ғайрати худро дареғ нахоҳем дошт.

Мо дар соли сипаришуда бо ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ дар фазои сулҳу ваҳдат ва бо шукуҳу шаҳомати идона ҷашнҳои 27-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми НОБ-и Роғун ва чандин рӯзҳои неку таърихии миллатро таҷлил намудем.

Соли сипаришуда барои мо, аҳли кормандону устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ соли таърихӣ, соли дастовардҳои назарраси таълимию илмӣ, фарҳангию варзишӣ, рушди робитаҳои байналмилалӣ, таъмини сазовори самтҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва хоҷагидорӣ буд.

Воқеан самти асосии фаъолияти донишгоҳ таъмини босифати раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони донишманду соҳибкасб баҳри фардои ватану миллат мебошад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 қайд намуданд, …“Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”…

Ҷиҳати иҷрои дастуру пешниҳодоти Ҷаноби Олӣ тайи солҳои сипаришуда корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Донишгоҳ пурра ба шакли дузинагии таҳсилот ва низоми кредитии таълим гузашт, соҳиби акредитатсияи байналмиллалӣ барои якчанд ихтисос шуда, ҳамарӯза кӯшиш менамояд, то омодакунии мутахассисонро тибқи талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ба роҳ монад.

Солҳои охир заминаи моддии донишгоҳ тадриҷан нав карда шуда, дар қатори таҷҳизот барои озмоишгоҳҳои кафедраҳои умумитаълимӣ ва кафедраҳои тахассусӣ барои раванди таълим 90 компютерҳои нав, 56 тахтаи интерактивӣ ва проекторҳои мултимедӣ харидорӣ шуданд.

То имрӯз дар донишгоҳ 1350 компютер, 400 принтер, 40 сканер, 8 сервер, 161 тахтаи интерактивӣ ва проектори мултимедӣ, 10 телевизор, 400 камераи назоратӣ, 150 сканери изи ангушт, 2 видеоэкрани калони беруна, 2 сатри равон дар раванди таълим ва идоракунии донишгоҳ самаранок истифода шуда истодаанд.

Коллективи устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва маънавии Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Рӯзи Наврӯз, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Дониш, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ба кор оғоз кардани агрегати якуми НОБ-и Роғун” фаъолона ширкат намуданд. Ин чорабиниҳо дар сатҳи донишгоҳ низ доир гардид, ки дар самти тарбияи ҷавонон нақши босазое гузошт.

Яке аз субъектҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори донишгоҳ шӯъбаи кор бо ҷавонон буда, барои тарбияи ҷавонони аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр ва дорои дониши сатҳи баланди касбӣ, ки қобилияти ба ҷомеа таъсиррасонӣ дошта бошанд, фаъолият менамояд. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи оила, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии маърифатӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва оммавию варзишӣ таҳти унвони “Як рӯзи ҷавонӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ” бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Бо дастигирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ барои ҷавонон дар мавзӯи “Омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ қадам ба қадам” гузаронида шуд, ки 10 нафар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ширкат варзида, бо сертификат қадрдонӣ шуданд. Инчунин дар лоиҳаи ҷадид таҳти унвони “Дар меҳмонии ректор”, ки ҳар моҳ як маротиба миёни донишгоҳҳои олии кишвар баргузор мегардад, ду нафар донишҷӯи фаъол (як духтар ва як писар) бо дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ иштирок менамоянд. Вобаста ба мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола озмуни “Донишҷӯи сол” байни донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанд ва дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок мекунанд, гузаронида мешавад. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси маркази иттилооотии Медиа-групп “Азия-плюс” Фестивал таҳти мафҳуми “Осмони Душанбе” доир карда шуд, ки 50 нафар валантёрони донишгоҳ саҳми худро гузоштанд ва аз ҷониби маркази иттилооотии Медиа-групп “Азия-плюс” ба раёсати донишгоҳ раҳматнома ирсол гардид. Тибқи дархости Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” барномаи “Дунё пур аз ҷавонист” дар мавзӯи “Омодагии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ” сабт гардид, ки 30 нафар донишҷӯёни фаъол ва 3 нафар омӯзгор иштирок намуданд.

Муваффақиятҳои варзишии донишгоҳ нисбат ба солҳои гузашта назаррас мебошанд. Дар соли ҳисоботӣ дастаи футболи донишгоҳ дар мусобиқаи варзишии футболи хурд барои Ҷоми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи ифтихории дуюмро сазовор гардид. Инчунин дар соли ҳисоботӣ коллективи устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои варзишӣ, аз он ҷумла мусобиқа оид ба шоҳмот байни коллективи устодону кормандон, мусобиқа байни донишҷӯён, мусобиқа оид ба волейбол, гӯштингирӣ, бандкашӣ, гурзбардорӣ байни донишҷӯёни факултетҳо бахшида ба иди Наврӯз, мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот байни занони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд.

Барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллии ҷавонон дастаи фарҳангии “Муҳандиси ҷавон” дар чорабиниҳои донишгоҳӣ ва тибқи дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати маориф илми ҶТ дар боғҳои фарҳангии шаҳри Душанбе – боғи Парчами миллӣ, боғи 800-солагии Маскав, барномаи умумиҷумҳуриявии “Маҳфили зарифон” баромад намуд.

Донишгоҳ дорои неруи пуриқтидори илмӣ-техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра аз рӯйи барномаҳои муҳими илмӣ-техникии аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта дар самтҳои мазкур корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондаст.

Айни замон барои нашри натиҷаи тадқиқоти илмӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар донишгоҳ тамоми шароит муҳайё гардидаст.

Боиси ифтихори коллективи донишгоҳ аст, ки ҳар ду бахши маҷаллаи “Паёми политехникӣ” дар рӯйхати маҷаллаҳои тақризии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА ФР ворид гардидаанд.

Масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ доимо дар маркази диққати раёсати донишгоҳ аст. Дар донишгоҳ се Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият карда истодаанд, ки соли ҷорӣ дар онҳо 14 (7+4+3) нафар рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд.

Дар маҷмӯъ дар Шӯроҳои диссертатсионии ҷумҳурӣ, Федератсияи Россия ва Шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ 25 нафар устодони донишгоҳ ва кормандони дигар муассисаҳо рисолаи номзадиро ҳимоя намуданд, ки аз инҳо 19 нафар сазовори дараҷаи илмҳои техникӣ, 4 нафар илмҳои кимиёвӣ, 1 нафар илмҳои иқтисодӣ ва 1 нафар илмҳои фалсафа гаштаанд.

Ин рақам дар қиёс бо соли гузашта 8 нафар зиёд аст, ки ин бо шарофатии таъсисёбии Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Яке аз дастовардҳои беҳтарини соли 2018 сазовори Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ гардидани ду нафар устоди ҷавони донишгоҳ – Абдуллозода Рамазон Толиб ва Раҳмонзода Аҳмадҷон Ҷамолидин мебошад.

Соли 2018 китобхона ва китобдори китобхона дар Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдори сол» ва «Китобхонаи сол» бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» иштирок намуда, сазовори ду ифтихорнома шуданд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Чароғи ҳидоят», ки аз тарафи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, китобхонаи донишгоҳ сазовори Диплом гардид.

Парки технологии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқи донишгоҳ ба фаъолиятҳои илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ дар як сол ду маротиба бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун мегузаронад.

Чун анъана имсол ҳам рӯзи 21-уми ноябр озмуни навбатӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки ғолибони он бо мукофоти пулӣ ва молӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки афзоиши маоши устодони донишгоҳ дар 5 соли охир (дар мисоли барои устоди дорои унвони доктори илм, профессор) чунин аст: соли 2018 нисбат ба соли 2013 – 1,11 маротиба; нисбат ба соли соли 2014 – 1,11 маротиба; нисбат ба соли 2015 – 1,09; соли 2016 – 1,14, нисбат ба соли 2017- 1,8 маротиба афзудааст. Ҳоло маоши миёнаи устодон, ки дар як воҳиди корӣ фаъолият доранд, зиёда аз 2430 сомониро ташкил медиҳад. Аз якуми январи соли ҷорӣ бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ барои тақвият додани фаъолияти илмӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ музди меҳнати омӯзгорони унвондор ба ҳисоби миёна тақрибан 10% зиёд карда шуд. Дар баробари ин тибқи “Низомномаи тартиби ҳавасмандгардонии моддии ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ” ба 195 нафар устодони донишгоҳ, ки аризаҳояшонро сари вақт пешниҳод карда буданд, барои фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ ва ташкилию тарбиявӣ мукофотонида шуданд, ки ҳаҷми умумии он зиёда аз 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли пешоянд дар фаъолияти донишгоҳ татбиқи силсилабарномаву чорабиниҳои муҳим дар назар аст, ки рушди минбаъдаи вазъи омодасозии кадрҳои соҳаи муҳандисиро дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он муайян менамояд. Дар қатори дигар чорабиниҳои пешбинишуда, яке аз масъалаҳои муҳим дар ин сол ба сохтори институтсионалӣ гузаштани донишгоҳ аст, ки ин иқдом замина ва пойдевори устувор барои таъсиси Донишгоҳи миллии техникии Тоҷикистон хоҳад буд.

Бо таманниёти орзуҳои нек бори дигар ҳамаи нафарони собиқадор, устодони арҷманд ва донишҷӯёни азизамонро бо Соли нави мелодии 2019 аз самими дил табрик гуфта, барои ҳар яки онҳо хонаи обод, рӯзгори босаодат, иқболи нек, файзу баракати зиндагӣ, таҳсили хубу аъло, дастовардҳои нав ба навро орзу менамоям.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамкорон ва донишҷӯёни азиз!