Имрӯз дар арафаи Соли нави мелодии 2019 бо роҳбарии Одиназода Ҳ.О. – Ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва Ашӯров А.Н. – муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия ба мактаб-интернати кӯдакони имконияташон маҳдуди ноҳияи Рӯдакӣ кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд.

Боиси қайд ва дастгирист, ки ҳамасола дар арафаи идҳои сиёсию миллӣ ин иқдоми наҷибона аз ҷониби донишгоҳ ба ин қишри осебпазири ҷомеа сурат мегирад.

Донишгоҳ дар пайравӣ бо амалҳои хайрхоҳона ва инсонпарваронаи Асолсгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони бепарастор, маъюб ва имконияти маҳдуддошта дасти кӯмаку хайрхоҳӣ дароз мекунад, дар рафти таҳсил ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Зеро дар мафкураи миллии мо – тоҷикон андешаи фитрие, ки “сари ятимеро сила кардан савоб аст” мақеи устувор дорад ва ин амал аз амалҳои беҳтарин ва хислатҳои инсонпарваронаи шахс дарак медиҳад.

Маркази иттилоот ва нашр.