Имрӯз бо иштироки Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О., муовинони ректор – Саидзода Р.Ҳ., Ашӯров А.Н., Шарипов Ш.Қ. ва факултету шӯъбаҳои донишгоҳ Спартакиадаи 60-уми донишгоҳ оғоз гардид.
Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии донишгоҳ ин спартакиадаи варзишӣ ҳамчун нишонаи солимгардонии устодону кормандон доир карда мешавад. Имсол низ чун анъана бо шаҳомату шукуҳ ин чорабинии варзишӣ оғоз ёфт, ки намояндагони тамоми сохтори донишгоҳ дар дастаҳои алоҳида муттаҳид шуда, байни ҳамдигар қувваозмоӣ менамоянд.
Маркази иттилоот ва нашр.