Имрӯз дар ҷаласаи васеи кафедраи “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт” ҳимояи қаблии рисолаи доктории н.и.и, дотсенти кафедра Фохаков Абдурауф Сайдалиевич дар мавзӯи «Транспортно-технологические системы обслуживания горных регионов Таджикистана (научные основы формирования и развития)» доир гардид. Дар кафедра пас аз солҳои тӯлонӣ ин нахустин рисолаи илмии докториест, ки барои муҳокима пешниҳод мегардад.

Олимони соҳа пас аз муҳокимаи рисолаи докторӣ ба Фохаков А.С. таклифу пешниҳодоти худро гуфта, барои ба ҳимоя пешниҳод намудани кори илмӣ муваффақиятҳо орзу намуданд.

Маркази иттилоот ва нашр.