Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо иштироки олимону донишмандони кишвар дар партави супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2019) бахшида ба Рӯзи Байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2019 баргузории конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Забони модарӣ —  мереси фарҳанги соҳибзабоно» ба нақша гирифтааст.
Барои иштирок дар  конференсия, метавонед  ба рақамҳои 227-59-25,227-64-51 занг занед, ё тибқи почтаи электронии kumitaizabon@mail.ru маълумоти бештарро дастрас намоед.