ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд. Read More

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ БАХШИДА БА 23-ЮМИ ФЕВРАЛ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Устодон, афсарон ва донишҷӯёни гиромиқадр. Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми муҳофизони ватани азизамонро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ аз номи Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо соҳибону ҳомиёни кишварамон тани солиму пурқувват, дониши амиқу ақлу заковат ва дар ҳифзи марзу бумамон матонату садоқат орзу менамоям. Ба мо насли… Read More

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар кафедраи ҳарбии донишгоҳ Рӯзи Артиши миллӣ бо ифтихор аз сулҳу суботи кишвар баргузор гардид. Ашӯров А.Н. – муовини ректор оид ба корҳои тарбия сухани табрикотии ректори донишгоҳро қироат намуда, ҳамагонро бо ин рӯзи саид табрик намуд. Баъдан сардори кафедраи ҳарбӣ – Бутаев Г. Низ сухани табрикотӣ гуфта, аз нақши артиш дар сулҳу суботи… Read More

ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ КИШВАР

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣи – Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳли ҷомеа ба хушнудӣ қабул намуда, тибқи роҳнамоиҳои он корҳоро бо нигоҳи наву иродаи устувор дар самтҳои мақбули низоми муосир ва дурнамои рушди марҳилаи нав иҷро хоҳанд намуд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои… Read More

АЗ ТАЪРИХИ НАҚЛИЁТИ ҲАВОИИ ҲАРБӢ

Нақлиёти ҳарбии ҳавоӣ таърихи дуру дарозро молик нест, он дар ибтидои садаи бистум пайдо шуд ва дере нагузашта, ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расид. Пас аз оне ки инсоният авиатсияи гражданиро аз худ намуд ва онро самаранок истифода бурд, ҳамзамон ҳарбиён дар фикри ба соҳаи ҳарбӣ истифода бурдани он шуданд. Шоҳи Булғория Фердинанд, ки ба… Read More
Рӯзҳои 13-17-уми майи соли 2019 дар Донишгоҳи кӯҳии Санкт-Петербург Форум-озмуни 15-уми байналмиллалии донишҷӯён ва олимони ҷавонон таҳти унвони «Актуальные проблемы недропользования» бахшида ба соли байналмиллалии системаи даврии элементҳои химявӣ баргузор мегардад. Барои дарёфти маълумоти бештар ба телефони +7(812)328 81 17 ё почтаи электронии Forum-contest@spmi.ru муроҷиат намоед. Read More
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад,ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2019 миёни олимони ҷавон озмун эълон менамояд. Довталабон метавонанд ҳуҷатҳоро тибқи талаботи Низомномаи озмуни мазкур омода намуда, аз 10 феврал то 6 майи соли 2019 ба унвони кумита… Read More

РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ИҚДОМИ НЕК АСТ ДАР РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

Ҷараёни ҷаҳонишавӣ ба ташаккулу инкишофи фарҳанги миллӣ хатар эҷод карда, доираи истифодаю рушди онҳоро хеле маҳдуд сохта истода буд. Аз ин рӯ, иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ибтикори зарурӣ ҷиҳати ҳифз ва нигоҳдошти ин сарвати гаронмояи миллат мебошад.… Read More

ҲИМОЯИ БОМУВАФФАҚИЯТИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ШӮРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

Имрӯз муаллими калони кафедраи «Металлургия»-и факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» — ХОҶАЕВ ФИРӮЗ КАМОЛОВИЧ рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «ДИАГРАММАҲОИ ҲОЛАТ ВА ХОСИЯТҲОИ ТЕРМОДИНАМИКИИ ХӮЛАҲО ДАР АСОСИ СУРБ» аз рӯйи ихтисоси — 05.16.02 – металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир бомуваффақият ҳимоя намуд. Ҳимоя дар базаи Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-009-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.… Read More