Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи ЛРТО озмуни барномаҳои гранти озмуниро  (БГО) моҳи майи соли 2017 эълон намуда буд. Дар доираи БГО беҳтарин пешниҳодҳо дар асоси озмун, барои ноил шудан ба ду ҳадафҳои зерин (а) иртиботи маориф ба бозори меҳнат ва (б) дастгирии донишҷӯдухтарон, дастгирӣ ёфтанд.

Аз тарафи ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ ба озмун ду лоиҳа пешниҳод гардида буд:

1.Равзанаи якум:  Татбиқи стандартҳои аврупоӣ ва байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ дар мисоли ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ».

Тибқи Созишномаи грантӣ аз 30.11.2018, №02/01 байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ маблағгузории лоиҳа оғоз гардид.

Сарчашмаҳои маблағгузорӣ Сумма, сомонӣ %
1. Маблағи грант 2 662 550,90  97%
2 Саҳми муассиса 82 380,00 3%
  Ҳамагӣ 2 744 930,90  100

Мӯҳлати татбиқи лоиҳа: 24 моҳ

2.Равзанаи дуюм: Ихтисосҳои муҳандисӣ – имкониятҳои нав барои духтарон.

Тибқи Созишномаи грантӣ аз 30.11.2018, №12/01 байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ маблағгузории лоиҳа оғоз гардид.

Сарчашмаҳои маблағгузорӣ Сумма, сомонӣ %
1. Маблағи грант 269 961,4 97%
2 Саҳми муассиса 8210,00 3%
  Ҳамагӣ 278171,40 100%

Вазифаи асосӣ

ØТашкили тренингҳо (Training for trainers) бо иштироки шахсоне, ки  тренер-шарикон ҳам барои устодони ДТТ ва ҳам барои донишҷӯён, бо фиристонидан ба сафарҳои хидматӣ ба МТМ НТҶ ҶТ барои сафарбар намудани духтарон ба STEM. 

ØҶалби донишҷӯдухтарон — хатмкунандагони МТМ НТҶ ҶТ барои гирифтани тахассуси муҳандисӣ;

ØБо воситаи ВАО паҳн намудани иттилоот оид ба муҳимияти таҳсили муҳандисии духтарон, таъсир ба мафкураи иҷтимоии онон. 

ØДастгирии донишҷӯдухтароне ки дар хобгоҳҳо истиқомат менамоянд, фароҳамоварии шароит дар самти истифодабарии  технологияи иттилоотии муосир дар хобгоҳи духтарон.

Мӯҳлати татбиқи лоиҳа: 12 моҳ