Нақлиёти ҳарбии ҳавоӣ таърихи дуру дарозро молик нест, он дар ибтидои садаи бистум пайдо шуд ва дере нагузашта, ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расид. Пас аз оне ки инсоният авиатсияи гражданиро аз худ намуд ва онро самаранок истифода бурд, ҳамзамон ҳарбиён дар фикри ба соҳаи ҳарбӣ истифода бурдани он шуданд. Шоҳи Булғория Фердинанд, ки ба нақлиёти ҳавоӣ таваҷҷуҳ ва мароқи калон дошт, аввалин шуда истифодаи онро дар қӯшунҳои ҳарбӣ дар мамлакаташ ҷорӣ намуд. Қӯшунҳои ҳарбии Булғория бо мақсади тадқиқ (разведка) аллакай дар аввали даҳсолаи дуюми асри ХХ аз нақлиёти ҳавоии ҳарбӣ истифода мебурданд. Дар солҳои аввали Ҷанги якуми ҷаҳон бештари кишварҳое, ки ба ҷанг даромада буданд, истифодаи нақлиёти ҳавоии ҳарбӣ дар мадди назари онҳо буд. Дар он давра Россия дар ихтиёраш 263, Олмон 232, Фаронса 156 ва Британияи Кабир 90 ҳавопаймои ҳарбиро дар майдонҳои ҷанг истифода мебурданд. Империяи Россия муваффақиятҳои калонро дар тараққиёти ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ба даст овард. Барои сохтани фурӯдгоҳҳо ва ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ҳамасола миллионҳо рубл сарф мешуд. Аввалин тайёраҳои ҳарбӣ соли 1909 ба истифода дода шуданд. Пас аз як сол Россия ба истеҳсоли тайёраҳои ҳарбӣ пурра машғул шуд. Ин соҳа зуд тараққӣ кард, соли 1914 панҷ мактаби омӯзиши ҳавопаймоҳо, чаҳор заводи васлнамоӣ фаъолият дошт, ҳавопаймои чормуҳаррика сохта шуд, муҳандиси он Игор Сикорский буд, ки пасонтар номи «Иля Муромец»-ро гирифт.
Олмон низ дар ин давра ба истеҳсоли ҳавопаймоҳо диққати калон медод ва ин мамлакат пас аз Россия дар ҷойи дуюм қарор дошт. Аммо генералҳои олмонӣ дар навбати аввал бештар диққати асосиро ба рӯҳбаландсозӣ ва қавииродагии аскарон равона месохтанд, аз дастовардҳои навини илму техника дар соҳаи авиатсия кам истифода мебурданд. Ҳарчанд авиатсия аз саршавии ҷанги якуми ҷаҳонӣ даҳ сол пештар пайдо шуда бошад ҳам, аммо аз ҷиҳати тараққиёти илмӣ-техникӣ зуд пеш мерафт. Аз ин лиҳоз, авиатсияи Олмон қафомонда буд, ҳамқадами тараққиёти илмӣ-техникӣ набуд, бештари моделҳо аллакай кӯҳна шуда буданд, монополияи “Таубе” дар ин қатор буд. Олмон барои қӯшуни алоҳидаи ҳарбӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир мекард. То соли 1916 авиатсия дар ин мамлакат чун соҳаи асосии қӯшун ҳисобида намешуд.
Дар баробари ин дар Фаронса барои густариши авиатсияи ҳарбӣ диққати бештар медоданд. Ҳанӯз дар он давра ҳукумати Фаронса барои таъсис додани ин соҳа ҳамасола 6 миллион франк ҷудо карда буд. Фаронсавиҳо аввалин бор дар тайёраҳои ҳарбӣ пулемётҳоро васл намуданд. Пасонтар муҳандисони фаронсавӣ дар тайёраҳои ҳарбии қиркунанда мушакҳоро васл намуданд, ки ин пасонтар боиси талафоти калони авиатсияи немис гардид.
Дар Британияи Кабир бошад, авиатсияи гражданӣ тараққӣ карда буд. Аммо авиатсияи ҳарбӣ аз мамолики Россия, Олмон ва Фаронса ҷойи охирро ишғол намуда буд. Теъдоди тайёраҳои ҳарбӣ ҳамагӣ 90 адад буду халос. Хизмати ба чашм намоёни англисҳо дар он зоҳир гашта буд, ки авиатсияро ба сифати қӯшуни алоҳида ташкил карда буданд, ки корпуси парвозкунандаи шоҳигарӣ ном дошт. Аммо ин кишвар аз ҷиҳати истеҳсоли тайёраҳои қиркунанда ва гулӯлаандоз дар зинаи охир қарор дошт. Тайёраҳо бештар бо мақсади суратгирӣ ва маълумотҷамъкунӣ истифода мешуданд.
Авиатсия дар ибтидо хеле содда бошад ҳам, вале бо мурури замон сол то сол мураккаб мегашт ва равнақ меёфт. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон авиатсияи ҳарбӣ тараққиёти босуръатро касб намуд.
Ҳамин тариқ, дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон авиатсияи ҳарбӣ хеле тараққӣ кард ва як ҷузъи асосии қӯшунҳо ба ҳисоб мерафт. Дар истеҳсол ва истифодаи он Олмон дар сафи пеш буд. Тайёраҳои ҳарбии ин давра ҳам аз ҷиҳати техника ва ҳам аз ҷиҳати сифат аз давраи аввал хеле фарқ доштанд.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба қӯшуни ҳавоӣ бештар аҳамият медоданд, аз он сабаб ки Олмон – оғозкунанда ва сарвари Ҷанги дуюми ҷаҳон бо ин навъи қӯшун ба дараҷаи аъло ҷиҳозонида шуда буд, мамлакати шӯравиро лозим ва зарур меомад, ки ба муқобили он қувваи қавии қӯшуни ҳавоӣ дошта бошад.
Дар ин давра дар тайёраҳо ракетаҳоро васл намуданд ва истифодаи радарҳо дар саноати авиатсия инқилобро ба вуҷуд овард. Тайёраҳо акнун метавонистанд дар кадом шароите набошад, тамоми шабонарӯз парвоз намоянд, душманро дар ҳаво, об ва дар зери об ошкор созанд. Тайёраҳои махсусгардонидашудаи чун хушкигард ва баҳрӣ пайдо шуданд. Дар ибтидои ҷанг тайёраҳои қиркунанда, гулӯлаандоз, ҳуҷумкунанда, таълимӣ ва ба тариқи киштиҳои обӣ парвозкунанда ба майдон омаданд. Таъсири ҷанг дар саноати авиатсия бештар дар он зоҳир мегашт, ки акнун на ба прогресси илмӣ-техникӣ, балки бештар ба миқдор аҳамият медоданд.
Назар ба солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон дар баъзе кишварҳо ин нишондод то 10-20 маротиба афзуд. Масалан, дар Олмон 142449 адад, дар Италия 21820 адад, дар Иттиҳоди Шӯравӣ 200248 адад, дар ИМА 327430 адад, дар Британияи Кабир 165461 адад истеҳсол карда шуда буд.
Дар натиҷа, авиатсия ба як намуди қавии қӯшунҳо табдил ёфт, ки дар рафти амалиёти ҷангӣ таъсири худро мегузошт, нақшаҳои душманро барбод медод, чунончӣ тайёраҳои қиркунанда ҳуҷуми Олмони фашистиро дар Бритониёи Кабир барбод дода буданд. Пайдоиши тайёраҳои реактивӣ бешак табаддулоти калон ба шумор мерафт.
Бамаврид аст як нуктаро зикр намоем, ки дар фронт дар баробари мардон занону духтарон далерона меҷангиданд. Яке аз онҳо тоҷикдухтар Ойгул Муҳаммадҷонова зодаи деҳаи Шинги ноҳияи Панҷакент ба ҳисоб меравад, ки 93 парвози ҳавоӣ намудааст, барои қаҳрамониҳояш сазовори ордени Ленин гаштааст.
Ҳоло дар замони муосир техникаи ҳарбии ҳавоӣ рӯз аз рӯз густариш ёфта истодааст. Киштиҳои кайҳонӣ, тайёраҳои байниқитъавӣ ва дурпарвоз афзалияти бештарро моликанд. Ин намуди қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ бештар дар Федератсияи Россия ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико тараққӣ кардааст, дар рӯзҳои мо дар ҷанги Сурия, Ироқ ва Афғонистон истифода шудани онҳо далели гуфтаҳои болост.
Иноятзода Афроштаи Нусратулло, донишҷӯи кур си дуюми факултети “М ва КН”, гурӯҳи 440105-02Б