Дар партави суханронии барномавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат оид ба рушди саноати полиграфӣ дар ҷумҳурӣ, мутобиқи Протоколҳои №6/4 аз 28-уми апрели соли 2000, таҳти №11/4-16.1-и аз 23-юми августи соли 2000 маҷлиси назоратии назди Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002-2006» таҳия карда шуд, ки 7-уми сентябри соли 2001 таҳти №425 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Соли 2002 бо мақсади иҷро намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноати полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳо (давра)-и 2002-2006 ва тайёр намудани мутахасисони дараҷаи баланди соҳаи номбурда дар ҳайати кафедраи «Назарияи механизмҳо, мошинҳо ва ҷузъҳои мошин»-и факултети «Механикӣ ва технологӣ»-и Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ихтисоси 1708-«Мошинҳои полиграфӣ ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ» кушода шуд ва худи ҳамин сол донишҷӯён ба курси 1-ум қабул карда шуданд.
Баъди як сол дар кафедраи мазкур боз як ихтисоси дигар 2814-«Технологияи истеҳсолоти полиграфӣ» кушода шуд.
Бо мақсади ташакул додани ихтисосҳо, таъмин намудани раванди таълим бо мутахассисони баланддараҷа аз истеҳсолот Маҳмудов А.М., Сафаров А.А., Қобилов А.Х., Сабзаев Х.Т. ва Ҷалилов Т.С. барои кор дар кафедра даъват карда шуданд.
Соли 2004 бо мақсади мукаммалгардонии базаи таълимию таҷрибавии ихтисосҳои 1708 ва 2814 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти протоколи рақами №01 аз 4-уми октябри соли 2004 кафедраи «Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ» таъсис дода шуд.
Солҳои 2004-2006 мутахасиси варзидаи соҳаи полиграфӣ Маҳмудов А.М., 2006-2009 н.и.т., муаллими калон Раҳмонов Қ.А. ва 2009-2015 н.и.т., дотсент Идиев М.Т. ба ҳайси мудири кафедра кор ва фаъолият карданд. Аз 2015 то ин ҷониб вазифаи мудири кафедраи мазкур ба уҳдаи н.и.т., дотсент Равшанов Д.Ч. вогузор карда шудааст.
Ҳоло дар кафедра омӯзгорон ва кормандон Холов Ф.Б., Хоҷаназаров Х.М., Сафаров Б.С., Равшанов Д.Ч., Идиев М.Т., ва Саидов Н.Б. кору фаъолият доранд.
Бо мақсади омӯхтани барномаҳои компютерии ба ихтисос тааллуқдошта ва иҷрои лоиҳаҳои фаннӣ бевосита дар компютер дар кафедра синфхонаи компютерӣ ташкил карда шуд. Айни замон синфхонаи компютерӣ бо 6 компютер, ки бо шабакаи интернетӣ пайваст аст, ҷиҳозонида шудааст. Омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра ба пуррагӣ аз он истифода мебаранд.
Аз муддати ташкилшавии кафедра то ин ҷониб аз тарафи устодон Идиев М.Т., Равшанов Д.Ч., Маҳмудов А.М., Сафаров А.А., Раҳмонов Қ.А., Қобилов А.Ҳ., Сафаров Б.С. Сабзазода Х.Т., Хоҷаназаров Х.М. зиёда аз 30 номгӯй корҳои таълимӣ-методӣ аз чоп баромаданд. Дар кафедра китобхонаи кафедравӣ ташкил карда шудааст, ки барои баланд бардоштани сифати таълим ёрӣ мерасонад.
Кафедра базаи таҷрибаомӯзиро сол аз сол пурзӯр намуда, бо корхонаҳои полиграфӣ ба монанди КТН «Шарқи озод», ҶСШК «МАТБУОТ», Комбинати полиграфии ш. Душанбе, матбааҳои хусусии «ОРБИТА», «ПОЛИГРАФГРУПП», «ОФСЕТ», «ГАНҶ НАШРИЁТ» ва бо корхонаҳои полиграфии ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дорои таҷҳизот ва дастгоҳҳои ҳозиразамони соҳаи полиграфӣ мебошанд, шартномаҳо баста, ҳамкорӣ дорад.
Кафедраи ТМ ва ТИП дорои ду озмоишгоҳ мебошад, ки аз инҳо як озмоишгоҳ дар кафедра ва дигараш дар корпуси асосии донишгоҳ ҷойгир шудаанд.
Озмоишгоҳи кафедра бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст.
Инчунин дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ матбааи хурди замонавӣ амал мекунад, ки аз он кафедра васеъ истифода мебарад.
Кафедраи “Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ” бо дастгирии раёсати донишгоҳ шартномаи панҷсола оид ба гузаронидани дарсҳои амалӣ ва озмоишӣ бо корҳонаҳои саноати полиграфии ш. Душанбе бастааст. Мутобиқи ин шартномаи дутарафаи дарозмуддат омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра аз таҷҳизот ва технологияи замонавии саноати полиграфӣ васеъ истифода мебарад.
Соли 2007 хатми аввали хатмкунандагони ихтисоси 1708-«Мошинҳои полиграфӣ ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ» ба нақша гирифта шуда буд, ки 9 нафар донишҷӯён лоиҳаҳои дипломии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд.
Аллакай сафи хатмкунадагони ихтисосҳои 1708 (360601-01) — «Мошинҳо, таҷҳизот ва низоми коркарди иттилооти саноати полиграфӣ» ва 2814 (470201) — «Технологияи саноати полиграфӣ» ба 345 нафар расидааст, ки дар пешрафти соҳаи полиграфии ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Ҳоло хатмкунадагони ихтисосҳои кафедра дар корхонаҳои пешбари соҳаи полиграфии ш. Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Дар кафедра аз рӯйи ихтисосҳои 360601-01-«Мошинҳо, таҷҳизот ва низоми коркарди иттилооти саноати полиграфӣ» ва 470201 -«Технологияи истеҳсолоти полиграфӣ» мутахассисони соҳаи полиграфӣ тайёр карда мешаванд. Шумораи донишҷӯёни ихтисосҳои 360601-01 ва 470201-и кафедра дар соли 2019-ум 122 нафарро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии донишҷӯёни кафедра 11 нафарашон берун аз дарс дар корхонаҳои пешбари соҳаи полиграфӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд, ки 9,016% аз шумораи умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳад.
Барои омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ кафедраи ТМ ва ТИП ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии матбааи ш. Москва ба номи И. Федоров ва Донишгоҳи Федералии шаҳри Урал ба номи Б.Н. Елсин ба роҳ мондааст. Донишҷӯёни фаъоли кафедра тариқи ин ҳамкориҳо ба магистратура ва аспирантура тавсия дода мешаванд. Аз ҷумла Музафарова Ганҷина ва Мудинов Давлатёр магистратураи Донишгоҳи давлатии матбааи ш. Москва ба номи И. Федоровро соли 2016 бомуввафақият хатм намуда, ҳоло бошад, дар истеҳсолоти соҳаи полиграфӣ кор ва фаъолият карда истодаанд. Худодова Ганҷина Дастумбоевна аз соли 2014 то ин ҷониб дар аспирантураи Донишкадаи дизайни Федератсияи Россия таҳсили худро идома дода истодааст. Инчунин Холов Фаридун, Маҳмадуллоев Раҳмоналӣ ва Шарипов Саъдӣ барои таҳсил ба магистратураи Донишгоҳи Федералии шаҳри Урал ба номи Б.Н. Елсин, ассистенти кафедра Гадоев Ғолибшо Айнудинович ба аспирантураи Донишгоҳи техникии давлатии Комсомол дар Амур барои таҳсил ба аспирантура соли 2016 фиристода шуданд.
Омӯзгори калони кафедра Сафаров Б.С. корҳои илмии худро пурра ба анҷом расонида, 7 марти соли 2019 таҳти роҳбарии н.и.т., дотсент Идиев М.Т. ҳимоя рисолаи номзади менамоянд.
Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ихтироъкорӣ ва навовариҳои муаллими калони кафедра Сафаров Б.С. дар истеҳсолот – КВД “Коргоҳи машинасозӣ” ва раванди таълим дар кафедраҳои «Металлургия», «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» ва «Масолеҳҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизоти металлургӣ»-и факултети “Технологияҳои инноватсионӣ”-и донишгоҳ ҷорӣ карда шуд.
Дар оянда барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани раванди таълим, омодасозии мутахассисони соҳаи табъу нашр ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, ки таҳти рақами №549 аз 29-уми ноябри соли 2017 тасдиқ шудааст, кафедраи «Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ» тасмим гирифтааст, то бо дарстгирии раёсати донишгоҳ, матбааҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ, донишкадаҳои хориҷи ва дохили кишвар омодасозозии кадрҳои баландихтисос ва дорои унвори илмидоштаро афзун намуда, мушкилоти кадрии соҳаи табъу нашри кишварро каме ҳам бошад, аз байн барад.
Равшанов Д.Ч. – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи “Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ”