Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар фазои пуршукуҳ Рӯзи Модар таҷлил гардид.

Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. бонувонро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфта, аз нақши Модар дар зиндагӣ зикр намуданд.

Баъдан барномаи фарҳангии аз ҷониби Хадамоти тарбияи донишгоҳ омодашуда хотири иштирокдоронро шод намуд. Дар барномаи фарҳангӣ ҳофизони шинохта – Лола Азизова. Қобилҷон Зарифов. Зиёвиддини Нурзод, Орзугул Хуҷамова ва инчунин дастаи ҳаваскорони донишгоҳ иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Боиси зикр аст, ки имсол иштироккунандагони барномаи фарҳангӣ аз ҳисоби устодон ва кормандони донишгоҳ интихоб шуда буд. Сурудҳо дар иҷрои Забиров З. мароқангез ва шуниданӣ буд.

Дар охир ба як қатор бонувони фаъол ифтихрномаву сипосномаҳо тақдим гардид.

Маркази иттилоот ва нашр.