Варзиш беҳтарин роҳи интихоби тарзи ҳаёти солим буда, шахси ба варзиш машғулшаванда метавонад, ки тамоми умр хешро солиму бардам нигоҳ дорад. Дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ низ бо кӯмаку дастгириҳои бевоситаи раёсати донишгоҳ барои мутахассисон ва муҳандисони солим шароити хуби варзишӣ фароҳам оварда шуда, маҳфилҳои гуногуни варзишӣ фаъолият менамояд, ки донишҷӯён дар вақтҳои фориғ аз дарсу омӯзиш ба маҳфилҳои варзишӣ шомил шуда, машқу тамринҳо менамоянд. Дар мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунанд. Хурсандиовар он аст, ки ин навбат донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ аз 18-уми октябр то 25-уми ноябри соли 2018 ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Исматов Одилшоҳ устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, донишҷӯйи курси 1, гурӯҳи 700202, факултети СваМ дар масофаи 400м 4.400м ва 800м ҷойи аввалро ишғол намуд. Садиров Сомон донишҷӯйи курси 2, факултети ТИК дар намуди гурзпартоӣ ҷойи аввалро ишғол намуда ва инчунин аз рӯйи намуди гӯштини тарзи озод низ Гулов Саидҷон устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯйи курси 3, факултети энергетикӣ, гурӯҳи 27010110А ҷойи аввалро дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ гирифта, сазовори медали тилло гардид.
Шарипов Абдулло устоди варзиши байналмиллалӣ аз факултети энергетикӣ, донишҷӯйи курси 2, гурӯҳи 27010112 дар намуди бокс ҷойи дуюм ва ҷойи сеюмро дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гирифт. Каримдодова Шабнам аз факултети СваМ дар масофаи 4.100 метр ва 4.400 метр ҷойи сеюмро ишғол намуд. Муборакшоева Шаҳноза аз факултети СваМ донишҷӯйи курси 1, гурӯғҳи 69010109Б дар масофаи 4.100 метр ва 4.400 метр ҷойи сеюмро ишғол намуд.
Варзишгарони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамарӯза дар сексияҳои варзишии донишгоҳ машқу тамринҳои худро давом дода, бо мақсаде ки дар оянда дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз ҷумҳуриямон иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро сазовор гарданд, тамрин менамоянд. Ин гуна дастовардҳо шоҳиди ҳаёт ва ҷамъияти солими имрӯзаи мо буда, ҳар чӣ қадар машғул ба варзиш шавем, ҳамон қадар ғолибиятҳои чашмрасро ноил мегардем.
Наҷмуддинов А.С. – мудири кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ”
Донаев И.М. – муаллими кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ”