Дар семинари мазкур директорон ва кормандони матбааҳои шаҳри Душанбе, Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорти фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВАО (телевизиони Душанбе ва Баҳористон), инчунин хатмкардагон, омӯзгорон, донишҷӯёни кафедра ва кормандони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ иштирок варзиданд.

Дар оғози семинар мудири кафедраи ТМ ва ТИП Равшанов Д.Ч. баромад намуда, бори дигар ҳамаи иштирокчиёни семинарро барои пазируфтани даъват миннатдорӣ намуда, кори семинари мазкурро кушода эълон намуд.

Мутобиқи барномаи семинар сухани ифтитоҳӣ ба намоянда аз раёсати донишгоҳ Сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳмонзода А. дода шуд. Раҳмонзода А. дар баромади худ қайд намуд, ки ҳамасола дар ин вақту соат дар кафедраи «Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ» чун анъана семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба «Рӯзи матбуоти тоҷик» гузаронида мешавад. Ин иқдоми хуби ҳайати кафедраро раёсати донишгоҳ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Мақсад аз чунин семинарҳо омӯхтан ва бартараф намудани мушкилоти соҳаи полиграфӣ, ҷалби бештари олимону ихтисосмандони ин соҳа ба илм ва пайвасти ҳамкориҳо байни донишгоҳу истеҳсолот мебошад. Аз фурсати муносиб истифода намуда Раҳмонзода А. Сафаров Баҳриддин Саидовичро бо ҳимояи рисолаи номзадӣ, Равшанов Дилшод Чоршанбиевичро бо гирифтани унвони илмии дотсенти соҳа ва иштирокчиёни семинарро бо идҳои дарпешистодаи «Рӯзи матбуоти тоҷик», иди зиндашавии табиат «Наврӯз» ва кафедраи ТМ ва ТИП-ро бо 15-солагии таъсисёбияш табрику таҳният намуда, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва муваффақиятҳоро таманно намуд.

Баъдан дар мавзӯъҳои гуногуни соҳаи полиграфӣ — «Омодасозии мутахассисони соҳаи полиграфӣ дар ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ дар 15-соли фаъолияти кафедраи ТМ ва ТИП» (маърӯзаи н.и.т., дотсент Равшанов Д.Ч., ассистент Хоҷаназаров Х.М.), «Тадқиқоти истифодабарии ҳуруфҳои тоҷикӣ» (маърӯзаи ассистент Холов Ф.Б., Маҳмадуллоев Р.) ва «Саноатикунонии истеҳсолоти полиграфӣ яке аз ҳадафи чоруми миллӣ» (маърӯзаи дотсент Сафаров А.А., муаллими калон Табаров Ш.С.) маърӯзаҳо шунида шуданд.

Баъдан Равшанов Д.Ч. мудири кафедраи ТМ ва ТИП қайд намуд, ки хушбахтона аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2018-2022 оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Аз ин рӯ, барои дастгирии сиёсати хуби пешгирифтаи Роҳбари давлат дар кафедра бахшида ба эълон шудани соли 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2018-2022 оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Полиграфисти беҳтарин” миёни донишҷӯёни кафедраи ТМ ва ТИП ташкил карда шуда буд, ки саннаи 2-юми марти соли 2019 ҷамбаст гардид.

Барои супоридани тӯҳфаҳо ба ғолибони озмуни «Полиграфисти беҳтарин» дар байни донишҷӯёни кафедра сухан ба декани факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” н.и.т., дотсент Маҳмадизода М.М. дода шуд, ки ӯ бори дигар ҳамаи нишастагонро бо идҳои дарпешистода табрик намуда, тӯҳфаҳоро ба ғолибони озмуни «Полиграфисти беҳтарин» супорид.

Омӯзгорон ва кормандони кафедра (н.и.т., дотсент Равшанов Д.Ч., н.и.т., дотсент Идиев М.Т., муаллими калон Сафаров Б.С., ассистент Хоҷаназаров Х.М., ассистент Холов Ф.Б., оператор-коргузор Саидов Н.Б.), ки барои таълиму тарбияи донишҷӯёни кафедра ва факултет саҳми арзанда доранд, дар арафаи таҷлили 107-солагии “Рӯзи матбуоти тоҷик”, 15-солагии таъсисёбии кафедраи “Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ” бо ифтихорномаи факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Барои ҳамкории судманд дар раванди таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони бадандихтисоси соҳаи полиграфӣ дар арафаи идҳои мазкур бо сипосномаи Ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Юнусов Ф.М. — Сардори маркази иттилоот ва нашри донишгоҳ, Файзуллозода Қ. — Директори КТН «Шарқи озод», Собиров Ф. — Директори ҶСШК «Матбуот», Салимов Б.Д.Директори ҶДММ «Ганҷ-нашриёт», Раҷаби М. — Директори КВД «Комбинати полиграфӣ»-и ш. Душанбе, Дорошоева М.Ю. — Директори ҶДММ «Орбита» ва Бобоев И.Э. – Директори ҶДММ “Душанбе-Принт” сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҷониби меҳмонон ва иштирокчиён Ахмедов У. – сарэнергетики КТН «Шарқи озод»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ., Саидов Қ. — донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 470201 кафедраи ТМ ва ТИП, Мирзоев Э. – мудири кафедраи “Технология ва иқтисод”-и Коллеҷи куҳӣ (хатмкардаи кафедра) баромад намуда, аз номи худ ва кулли иштирокчиён миннатдории худро ба раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, деканати факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” ва коллективи кафедраи “ТМваТИП” расониданд.

Дар охир Равшанов Д.Ч. баромад намуда, бори дигар миннатдории худ ва аҳли кафедраро ба раёсати донишгоҳ, деканати факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” барои дасгирӣ дар рафти ташкил ва гузаронидани семинар ва ба иштирокчиён барои иштироки фаъолонаашон изҳори сипос намуда, тамоми хушиҳои зиндагӣ, муваффақиятҳои нав ба нав дар ҷодаи пешгирифта ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи бепоёнро таманно намуд.

Равшанов Д.Ч. – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи “Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ”