Санаи 6-7 марти соли 2018 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон семинари байналхалқии “Рушди системаи дохилии таъмини сифат дар макотиби олӣ” аз тарафи барномаи Еразмус + ташкил шуда буд. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори офиси миллии Эразмус+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Нуридинова дар семинари мазкур ширкат варзиданд. Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Абдуллоев Мамадамон Абдураҳмонбекович низ ҳамчун эксперти миллии Еразмус + оид ба реформаи таҳсилоти олӣ дар семинари мазкур ширкат варзиданд.
Мақсади асосии семинар:
- шинос намудани иштирокчиёни он бо мақсад, принсипҳо, муносибат ва таҷрибаи хуби ташаккули системаи дохилии таъмини сифат дар донишгоҳои аврупоӣ;
- таҳияи тавсияҳо оид ба ташаккули системаи дохилии назорати сифат дар макотиби олии Осиёи Марказӣ.
Семинарро бо суханони шодбошӣ Такир Балыкбаев – ректори Донишгоҳи миллии омӯзгории Қазоқистон ба номи Абай, Бану Нарбекова – муовини директори Департамента таҳсилоти олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, Серик Омирбаев – ректори Донишгоҳи давлатии Қазоқистони Шимолӣ ба номи М.Козыбаев ва Шайзада Тасбулатова – директори офиси миллии Эразмус+ дар Қазоқистон ифтитоҳ намуданд.
Сардори раёсати таъмини сифат ва рушди стратегии Донишгоҳи Нархоз — Марина Скиба ва директори департамент оид ба рушди институтсионалии Ассостсиатсияи аврупоии донишгоҳо — Тиа Луколла (Tia Loukkola) вобаста ба таҳлили системаи таъмини сифат дар макотиби олии иштирокчиёни семинар баромад намуданд.
Дар мавзуҳои «Системаи таъмини дохилии сифат дар донишгоҳ: мафҳум, сиёсат и мақсади таъмини сифат» ва «Таъмини сифати барномаҳои таълимӣ дар макотиби олӣ» Люсен Боллаерт (Lucien Bollaert), эксперти байналмилалӣ оид ба таъмини сифат баромад намуд.
Дар нимаи дуюми руз иштирокчиёни семинар дар чаҳоро гуруҳ тибқи методикаи «мировое кафе» кор карданд:
Гуруҳи 1. Таҳсилоти донишҷӯравонашуда, роҳбар Серик Омирбаев.
Гуруҳи 2. Тарҳрезии барномаҳои таълимӣ, бо роҳбарии Дархан Ахмед-Заки.
Гуруҳи 3. Ҳайати профессорону омӯзгорон/ идоракунии захираҳои инсонӣ, бо роҳбарии Марина Скиба.
Гуруҳи 4. Идоракунии иттилоот дар макотиби олӣ, бо роҳбарии Амантай Нурмагамбетов.
Баъди муҳокимарониҳо дар гуруҳо, роҳбарони гуруҳ дар ҷаласаи умумӣ натиҷаи муҳокимаҳоро пешниҳод намуданд. Инчунин экспертҳои байналмилалӣ низ ақидаҳои худро вобаста ба мавзуъ иброз доштанд.
Баъдан дар мавзӯи «Вобастагии байни системаи берунӣ ва дохилии таъмини сифат» эксперти байналмилалӣ Тиа Луколла баромад намуд. Вобаста ба мавзӯъ иштирокчиёни семинар ба саволҳои худ ҷавоб гирифта, инчунин андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар охир натиҷаи фаъолияти рӯзи якуми семинарро директори офиси миллии Эразмус+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Нуридинова ҷамъбаст намуданд.
Рӯзи дуюми семинаррро Донохон Абулкасимова, намояндаи офиси миллии Эразмус+ дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз намуд.
Вобаста ба мавзуи «Таҷрибаи хуби бунёди системаи таъмини сифат дар макотиби олии Иттиҳоди Аврупо: мушкилот, тағйирот ва ташаккул » экспертҳои байналхалқӣ Люсьен Боллаерт ва Тиа Луколла суханронӣ намуданд.
Баъдан иштирокчиёни семинар дар гуруҳои алоҳида вобаста ба давлатҳо масъалаи «Чи гуна системаи дохилии таъмини сифатро тағйир додан мумкин аст?» ва таҳияи пешниҳодоти чандзинагӣ (барои донишҷӯён, устодон, макотиби олӣ, вазорат ва ғайра) кор карданд. Баъди муҳокима дар гуруҳо, намояндагони гуруҳо натиҷаи муҳокимаронии гуруҳро ба иштирокчиёни семинар иброз доштанд.
Дар нимаи дуюми рӯз мубоҳисаи панелӣ зери унвони “Трансформатсияи системаи дохилии таъмини сифат дар Осиёи Марказӣ” ташкил карда шуд. Модератори мубоҳиса эксперти байналхалқӣ Тиа Луколла буданд. Дар мубоҳисаи иштирок доштанд: Мамадамон Абдуллоев (Тоҷикистон), Нурмат Сабуров (Узбекистон), Байбагышев Эрмек (Кирғизистон) и Серик Омирбаев (Қазоқистон). Иштирокчиёни мубоҳиса андешаҳои худро вобаста ба мавзуъ иброз доштанд ва ба саволҳои иштирокчиёни семинар ҷавоб доданд.
Бо бовари том метавон гуфт, ки дар рафти семинар:
- Иштирокчиёни он бо методология ва таҷриба хуби бунёд ва ташаккули системаи дохилии таъмини сифат дар донишгоҳои аврупоӣ шиносоӣ пайдо намуданд;
- Мазмуни мафҳуми «системаи дохилии таъмини сифат» муайян карда шуд;
- Вобастагии байни системаи берунӣ ва дохилии таъмини сифат маълум гардид;
- Сохтор, компонентҳо ва равандҳои системаи дохилии таъмини сифат дар асоси таҳлили қиёсии системаи мавҷудаи донишгоҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз усулҳои Иттиҳоди Аврупо мавриди таҳлил қарор гирифт.
- Пешниҳодҳо оид ба ташаккули системаи назорати дохилии таъмини сифат барои давлатҳои Осиёи Марказӣ коркард шуданд.
Баъди ҷамъбасти семинар ба иштирокчиёни он сертификатҳо супорида шуданд.
Бояд қайд намуд, ки семинар дар сатҳи баланд ташкил шуда буд. Бинобар ин мехостем, ки арзи сипоси самимии худро ба Такир Балыкбаев – ректори Донишгоҳи миллии омӯзгории Қазоқистон ба номи Абай ва Шайзада Тасбулатова – директори офиси миллии Эразмус+ дар Қазоқистон баён намоем.