Дар соли 2018 Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.Осимӣ дар ҳамкорӣ бо донишгоҳои хориҷӣ ба озмуни Иттиҳоди Аврупо, Еразмус плюс ҳамагӣ 4 лоиҳа пешниҳод намуда буд, ки дар натиҷа як лоиҳа таҳти унвони “Мукаммалагардонии таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути технологияҳои нав” (Modernisation Of Higher Education In Central Asia Through New Technologies) аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маъқул дониста шуд. Ҳамоҳангсози асосии лоиҳа Донишгоҳи Русеи Булғория мебошад.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҳамоҳангсози аврупоии лоиҳа Донишгоҳи Русе ба номи Ангел Кинчеви кишвари Булғория, тавассути ҳамоҳангсози миллии лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар якҷоягӣ бо шарикони лоиҳа Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев амалӣ карда мешавад.
Лоиҳаи HiEdTec – “Мукаммалгардонии таҳсилоти олӣ дар осиёи марказӣ тавассуси технологияҳои нав” асосан ба татбиқи технологияҳои навини иттилоотиву коммуникатсионӣ дар системаи таҳсилоти олӣ равона гардида, барои мусоидат дар азнавсозии низоми таҳсилоти олӣ тавассути сохтани портали захираҳои таҳсилотии кушода марбут ба азхуднамоии малакаҳои рақамӣ, усулҳои омӯзиш ва сафарбарнамоии саҳмдорон, аз он ҷумла, омӯзгорон, таълимгирандагон ва шарикони иҷтимоию иқтисодӣ роҳандозӣ мегардад.
Мақсади лоиҳа:
— Интиқоли технологияҳои рақамӣ ба соҳаҳо (дар асоси талаботи таҳавуллоти 4-уми саноатӣ), ки он иттилоотикунонии системаи таҳсилоти олиро бо суръати баланд тақозо мегардад, ки дар асоси он консорсиум консепсияҳои мутобиқгардонии системаи таҳсилоти олиро ба насли рақамӣ бо назардошти шароити мушаххаси ҳар як аъзо-давлатҳо таҳия менамояд.
— талаботи имконият додан ба ҲАМА барои таҳсил дар ДИЛХОҲ вақт ва дар ДИЛХОҲ ҷой бо ёрии ДИЛХОҲ лектор, бо истифода аз ДИЛХОҲ таҷҳизот – компютер, ноутбук, планшет, смартфон ва ғайра, ки консорсиум дар назди донишгоҳҳои аъзо-давлатҳо марказҳо барои технологияҳои инноватсионии таълимӣ таъсис медиҳад.
Натиҷаҳо ва маҳсули лоиҳа чунин хоҳад буд:
— ба миён омадани шабакаи устувори академӣ барои мукаммалгардонии методология, мубодилаи таҷриба ва таҷрибаи беҳтарин дар соҳаи технологияҳои инноватисонии таълимӣ;
— таҳияи панҷ консепсияи мутобиқгардонии системаи таҳсилоти олӣ ба насли рақамӣ – барои ҳар як аъзо-давлатҳо яктогӣ;
— даҳ марказҳо барои технологияҳои инноватсионии таълимӣ – барои ҳар як аъзо-давлатҳо яктогӣ;
— даҳ озмоишгоҳҳои фаъоли таълимӣ;
— таҳияи захираҳои озоди таълимӣ дар низоми абрӣ;
— таҳияи дастур барои татбиқи технологияҳои инноватсионии таълимӣ дар донишгоҳҳои аъзо-давлатҳо;
— ташкил намудани курсҳо барои тренерҳо оид ба азхуд намудани малакаҳои рақамӣ ва усулҳои таълим;
— ташкил намудани курсҳо барои омӯзгорон оид ба азхуд намудани малакаҳои рақамӣ ва усулҳои таълим;
Дар умум лоиҳаи мазкур метавонад дар баланд бардоштани сифати таълим тавассути роҳандозии усулҳо ва технологияҳои муосир дар ҷараёни таълим, саҳмгузор бошад.
Ҷаласаи якуми иштирокчиёни лоиҳа рӯзи 12 марти соли 2019 дар Донишгохи Руссе ба номи Ангел Кончеви Чумхурии Булгория оғоз гардид ва то 16 марти соли 2019 идома меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ шаш нафар намояндагони соҳаи таҳсилоти олии кишвар аз се донишгоҳи бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгохи технологии Точикистон ва Донишгохи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев зери роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Чумхурии Точикистон, муҳтарам Давлатзода Сайфиддин муаррифӣ менамоянд.
Дар ҷаласаи рӯзи якум муовини Вазири маориф ва илми Чумхурии Точикистон, муҳтарам Давлатзода Сайфиддин аз номи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Донишгохи Руссе ба номи Ангел Кончеви Чумхурии Булгорияро барои таҳияи чунин лоиҳаи бузург арзи сипос намуда, иштирокчиёни лоиҳаро ба оғози амалишавии он табрик намуданд. Инчунин муовини ректори ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ оид ба илм ва равобити хоричӣ Абдуллоев Мамадамон низ оид ба раванди истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои инноватсионии таълим баромад намуданд.
Умед дорем, ки лоиҳаи мазкур барои тақвияти ҳамкориҳо дар самти истифодарии технологияҳои иттилоотӣ ва бунёди марказҳои инноватсионӣ саҳми арзандаи хешро хоҳад гузошт.