Устодон, ҳамкорон ва донишҷӯёни азиз!
Инак Наврӯзи хуҷастапай ва баҳори нозанин бо ҳама гулпӯшиҳову гулҷӯшиҳояш ва бо шаъшаапошиҳои хуршеди зарҳалинаш ба сарзамини Ориён қудуми муборак мениҳад. Аз ҳар гӯшае боди гулбези баҳорӣ ба машомҳо бӯйи атрогини гулро мерасонаду булбули нағмапардоз суруди наврӯзиро дар шохи гул замзама мекунад.
Иҷозат диҳед, Шуморо бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ – ҷашни зебои Наврӯзи фаррухпай, ки бо қадами хуҷастааш ба табиати зебои сарзамини хуршедиамон муждаи тоза ва ҳусни нав, ба хонадони мардумамон файзу баракат ва шодиву нишот, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб меорад, дили ҳар як пиру барноро шодон мегардонад, муборакбод намоям.
Воқеан, ҷашни Наврӯз аз замони пайдоишаш то имрӯз моломоли зебоиву накӯӣ буда, бузург доштани инсону табиат ва сифатҳои эҳёгарӣ ҷузъи ҷудонопазири он будааст. Бинобар ин, фасли баҳорро арӯси сол ва Наврӯзро зебу ҷалоли он гуфтаанд.
Одатан мо Наврӯзро асосан ҳамчун рамзи фарорасии баҳору эҳёи табиат, оғози айёми кишту кор ҷашн гирифта, ҷанбаҳои фалсафӣ-ахлоқии он ки дар он аҳамияти иҷтимоӣ Наврӯз таҷассум ёфтааст, камтар ёдовар мешавем. Наврӯз мубориза аст, муборизаи қувваи некӣ ба бадӣ, рӯшанӣ ба торикӣ, зебоӣ ба зиштӣ, сафедӣ ба сиёҳӣ, сулҳ ба ҷанг, шодӣ ба ғаму андуҳ. Наврӯз аз тамоми ҷашнҳои гузашта барои мардуми мо азизу гиромитар аст. Чунки ин ҷашн аз қадимулайём рамзи оғози нек буда, мардумро ба зиндадилӣ, кӯшишу ғайрат, дӯст доштани арзишҳои инсонӣ ва табиату зиндагӣ водор менамояд.
Ниёгони соҳибмаърифати мо дар ин рӯзи нав нахуст оташ меафрӯхтанд, зеро он нишонаи ҳаёт ва рамзи офтоби оламафрӯз аст. Бо фурӯзон кардани оташ дилу нияти худро равшанӣ мебахшиданд ва рӯзгорашонро бо ростиву накӯкорӣ, сулҳу сафо, озодагиву зебоипарастӣ ва инсондӯстиву созандагӣ ороста медоштанд. Ба таъбири дигар онҳо Наврӯзро ҳамчун муждаи аввалини баҳори хуҷастапай, эҳёи табиат, бедоршавии замин ва оғози киштукор истиқбол мегирифтанд ва гиромӣ медоштанд. Ин амал пеш аз ҳама шуълаи меҳру муҳаббатро дар дил мепарварад ва ғубори кинаву кудуратро аз байн мебарад.
Дар асотири қадимаи тоҷикон сабт гардидааст, ки Худованди якто ҷаҳонро дар муддати шаш рӯз офарида ва рӯзи шашум ба нахустин рӯзи фарвардин рост омадааст. Ба ин хотир Наврӯзро далели пайдоиш ва офариниши ҷаҳон донистаанд. Мардуми ориёӣ ин шаш рӯзи муборакро ҳамчун аркони муқаддас то кунун истиқбол мегиранд ва ҷашни Наврӯзи Бузург низ аз панҷ шашрӯза иборат аст, ки дар навбати худ ҳар рӯзи он ба худ номи алоҳидае дорад. Яъне Наврӯзи Хурдак шаш рӯз аст, ки ба фосилаи рӯзҳои асотирии офариниши ҷаҳон баробар меояд.
Аксари таърихнигорон ва донишмандон бар он ақидаанд, ки асосгузори Наврӯз Ҷамшеди пешдодӣ аст. Аз он рӯзгор базмҳову ҷашнҳои пуршукуҳу ҷалол ба ёдгор мондаанд, ки саодату сафои он ҳама то имрӯзу фардо равшангари дилҳои башарият ба шумор мераванд ва суннатҳои созандаи Наврӯз, аз қабили ҳамраъйиву ҳамдастӣ ва дӯстиву бародариро гарм пазироӣ менамоянд.
Ниёгони мо расму ойинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин оростани дастархони наврӯзӣ, суманакпазиҳои занону духтарон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои «Шашмақом»-у «Фалак», ҷуфтронии деҳқонон, гӯштингириву аспдавонии паҳлавононро гиромӣ доштаанд, ки то замони мо омада расидааст.
Ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз зиёданд, ки аксари онҳо то ба имрӯз роиҷанд. Гулгардонӣ, ҷуфтбаророн, фолгирӣ, хонабуророн, чаҳоршанбесурӣ, маросими обрезон, суманакпазӣ, хӯрокҳои наврӯзӣ, сайри наврӯзӣ, оштикунонӣ, бозиҳои варзишӣ, таронаҳои наврӯзӣ ва ғайраҳо аз суннатҳои наврӯзианд.
Ойине, ки гузаштагони мо бар он бовар доштаву таҷриба менамуданд, пешбинӣ кардан бо роҳи сабзонидани 12 навъи ғалладона – гандуму ҷаву нахӯду боқило, зағир, наск, мош ва ғайра мебошад. Ин ғалладонаҳоро дар зарфҳои гуногун дар шароити хона месабзониданд ва аз суръату кайфияти сабзиши онҳо фол мегирифтанд, ки кадом навъи ғалладона дар ин сол нашъунамои хуб карда ҳосили фаровон хоҳад дод.
Дар айёми Сосониён 25 рӯз қабл аз Наврӯз аз хишт 12 сутун сохта, даруни онҳоро ба хок пур мекарданд, ин 12 сутун рамзи 12 моҳи сол ҳисоб мешуд. Дар ин сутунҳо анвои ғалладона кошта, аз рафти сабзиши онҳо муваффақиятҳои кишоварзии соли ояндаро пешгӯӣ мекарданд.
Инчунин ҷойгоҳи рамзҳо дар Наврӯзи тоҷикон то ҳол пойбарҷост. Сафедӣ – рамзи покӣ ва бегуноҳӣ, ифодаҳои рамзи тандурустӣ ва шодкомӣ, рамзи баракат ва фаровонӣ, рамзи эҳёи табиат ва сарсабзию хуррамӣ дониста мешавад.
Аз оне ки ориёиён пас аз яхбандиҳои навбатӣ аз макони аслиашон кӯч бастаанд, сараввал ба сарзамини имрӯзаи тоҷикон макон карданд. Аз ин ҷо ба самтҳои шимолу ғарбу ҷануб ҳиҷрат намуданд. Маҳз Наврӯз дар Тоҷикистони имрӯза эҳё гардида, суннатҳои он мақоми хос пайдо кардааст. Аз ин рӯ Тоҷикистонро Ватани Наврӯз номидан хато нахоҳад буд:
Атри гул дар чамани Наврӯз аст,
Фасли ғул-ғулфикани Наврӯз аст,
Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.
Оре, Тоҷикистони азизи мо яке аз он марзҳои Ориён аст, ки дар он суннатҳои волои аҷдодонамон то ҳанӯз побарҷосту мардуми шарифаш ин суннатҳоро пос медоранд, ки аз қабили ин идҳо «Меҳргон», «Сада» ва «Наврӯз» мебошанд.
Мардуми Ориёинажод Наврӯзро чун рӯзи нек, оғози сол, фасли оғози кишту кор, рӯзи ғалабаи некӣ бар бадӣ ва чун рӯзи ғалабаи Аҳурамаздо бар Аҳриман мешумориданд.
Ҳама хусусиятҳои ин ҷашни муборакро ба назар гирифта ЮНЕСКО аз 30-юми сентябри соли 2009 онро ба қатори 76 рӯйхати фарҳанги ҷаҳонӣ дохил намуд ва ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ шинохт. Илҳом аз ин воқеаи фараҳбахш гирифта, моро месазад, ки ифтихоре аз ниёгони хеш намудаву суннати эшонро зинда нигоҳ дорем ва барои гузаронидани ин иди байналмиллалӣ, ки дар Тоҷикистони азизамон ҳамасола баргузор мегардад, омодагии ҳамаҷониба гирем.
Ҳамакнун ин ҷашни фархундаро дар тамоми ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд. Наврӯз нишони олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони мо расидааст. Наврӯз иди аҷдодони гузаштаи мо мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ монда, арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ арҷгузорӣ ба расму русуми гузашта аст. Наврӯз ин оғози рӯзу моҳу соли нав аст. Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ ифтихор кунем, чунки дар тӯли қарнҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офату газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай ба хоку марзи ин Ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Ин ҳасудон бо баҳонаҳои зиёде садди роҳи таҷлили ҷашни Наврӯз мешуданд. Бо ин ҳама дарду машаққатҳо миллати мо тавонист дубора Наврӯзро зинда кунонад ва ҳатто ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Наврӯзе, ки ободӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки дӯстӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад! Имрӯзҳо ҷаҳонӣ шудааст. Наврӯз як ҷашни зебост ва дар фасли арӯси сол – баҳор гузаронида мешавад.
Наврӯз дар замони тозиён, турку муғул ва дигар фармонравоён низ пирӯзона барпо буда, бо шодӣ ва хушӣ баргузор мешуд.
Имрӯз низ ҳамаи тоҷикон ва эрониён дар Тоҷикзамин-Эронзамин ё берун аз он, аз озарӣ, афғон, балуҷ, бандарӣ, порс, тозӣ, турк, хузӣ, курд, гил, лур ва дигар ва аз пайравони дини Ислом, Баҳоӣ, Зардуштӣ, Масеҳӣ, Яҳудӣ ҳама ин ҷашнро бо шукуҳи ҳарчӣ бештар мегиранд. Хонатакконӣ, сабза коштан, хони наврӯзӣ, замони солгард, шодбош, дид ва боздид ва сенздаҳбадaр аз ойини ин ҷашни бостонӣ аст.
Бояд зикр кард, ки яке аз суннатҳои маъруфи наврӯзӣ ба ёд овардани нақшаву корҳои аз Наврӯзи пешин то Наврӯзи навин ба анҷомрасида ва тарҳрезии ҳадафҳои нав мебошад.
Мо имрӯз бояд баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш намуда, барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии шоистаи мардум меҳнат намоем. Боварии комил дорем, ки барои расидан ба ин ҳадаф ва баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон фарзандони баору баномус ва ватандӯсту ватанпарасти мо минбаъд низ бо дасту дили гарм фидокорона заҳмат мекашанд. Зеро Ватан барои ҳар фарди кишвари мо муқаддас аст ва дар урфият онро «як рукни имон» гуфтаанд.
Наврӯз ҷашни озодагӣ ва озодагон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо фаро расидани баҳор ба киштукори баҳорӣ, шинонидани ниҳолҳои гуногун, тоза кардани ҷӯйбору корезҳо ва ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ ва ҳар ваҷаб хоки диёри зебоманзарамон шуруъ менамоянд.
Соли наву эҳёи табиат – Наврӯз дилафрӯз муборак!