1. Оё медонед?

Аҷибтарин мусобиқаи ҷаҳон мусобиқаи қабрканӣ дар Маҷористон (Венгрия) аст, ки дар он ҳар касе зудтар бо чуқурии бештар қабр биканад, ҳудуди 10 ҳазор $ (доллар) мукофот мегирад.

  1. Оё медонед?

Хавиер Маскерано дар тӯли фаъолияти худ, ки дар дастаи Барселона хунарнамоӣ мекунад (аз соли 2010 ин ҷониб) ҳамагӣ 319 бозӣ гузаронида, бо задани 1 гол даст ёфтааст, ки он ҳам аз зарбаи 11 метра мебошад.

  1. Оё медонед?

Маргарита Луи-Дрейфус доротарин бонуи ҷаҳон мебошад. Ин бонуи фаронсавӣ 55 сол дошта, дороияш 5,3 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Номи аслии вай Маргарита Богданова буда, аҳли Россия аст. Ӯ бо марди фаронсавӣ хонадор шуда, мақоми арзандаеро ба даст оварду дар доираи нафарони обрӯманди Фаронса ва Урупо зуд шинохта шуд. Бо ҳамин насаб дар қатори занони сарватмандтарини дунё қарор гирифт. Аммо шавҳараш вафот намуд. Сарвати шавҳар ширкат ва клуби футболбозон бо номи “Олимпик” ба ӯ мерос монд.

  1. Оё медонед?

Дар асрҳои миёна одамони зиёди давлатҳои Урупо фикр мекарданд, ки пахтаро аз барра (гӯсфанд) тарошида мегиранд!

  1. Оё медонед?

Дар мактабҳои Чин устодон ба талабагон иҷозат медиҳанд, ки барои ором шудани мағзи сарашон 20 дақиқа хоб бираванд.

  1. 6. Оё медонед?

Барои сохтани ин тасвир 84359 нафар одам иштирок кардааст.

Шаҳзод Одинаев – донишҷӯйи курси 3, г. 270101-02А, ФМваКН